27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Маълумотнома Оид ба санҷиши сифати хишти истеҳсоли корхонаҳои саноатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

1684
Тибқи фармоиши Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №71/ф аз 12 октябри соли 2016, Гурӯҳи кории байниидоравӣ дар ҳайати зерин таъсис дода шуд:

Юсупов Қ. - сармутахассиси Раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Гурӯҳ;
Табаров М. - сармутахассиси Раёсати масолеҳи сохтмонии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Салимов Э. - мутахассиси пешбари шӯъбаи назорати давлатӣ оид ба талаботи регламенти техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ дар саноати вазнини Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Қаюмов М. - мутахассиси шӯъбаи назорати давлатӣ оид ба талаботи регламенти техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ дар саноати вазнини Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд;
Маҳмадиев Э. - мутахассиси Раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Мамадҷонов А - сармутахассиси Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд;
Назаров А. - сармутахассиси Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Абдуллоев М. - сармутахассиси Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон;
Тешаев Ё. - мутахассиси пешбари Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб;
Салоҳов А. - сармутахассиси Хадамоти назорати давлати меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт;
Меҳриддини М. - озмоишгари озмоишгоҳи КВД «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ”-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гурӯҳи корӣ санҷиши сифати хишти сафолиро, ки аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ дар миқёси ҷумҳурӣ истеҳсол карда мешаванд, дар семоҳаи чоруми соли 2016 мавриди санҷишу омӯзиш қарор дод.

Дар ҷараёни санҷиш маълум гардид, ки дар миқёси ҷумҳурӣ ба санаи 27 декабри соли 2016, 138 корхонаи истеҳсолкунандаи хишт мавҷуд буда, дар рӯзҳои санҷиш 59 адади он фаъолият карда истода, 47 адади он бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла, норасогию маҳдудияти барқ, фаъолияти мавсимӣ доштан, фаъолият накарда истода, боқимонда 32 адади он, бо сабабҳои иқтисодӣ, рақобатнопазирӣ ба бозори истеҳсолӣ ва пастсифатию ба фурӯш нарафтани маҳсулоти истеҳсолшаванда, умуман аз фаъолият мондаанд. Вазъи воқеии корхонаҳо дар муқоиса ба соли 2015 чунин мебошад.

Маълумотнома Оид ба санҷиши сифати хишти истеҳсоли корхонаҳои  саноатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ


Дар ҷараёни санҷиш аз 59 корхонаи фаъолияткардаистода ва 19 корхонаи муваққатан бозистодаи истеҳсолкунандаи хишт, намунаи маҳсулот гирифта шуда, бо иштироки Гурӯҳи корӣ, намояндагони мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва намояндагони корхонаҳо ченакҳои геометрӣ гузаронида, маълум карда шуд, ки хишти истеҳсолнамудаи 36 корхона аз ҷиҳати андозаҳо ва дурустии намуди зоҳирии онҳо тибқи талаботи банди 4.2 ГОСТ 530-2012 ҷавобгӯ намебошад.

Ҳамчунин аз шумораи 78 корхонаҳои болозикр, намунаи хишти 74 корхона барои санҷиши озмоишӣ ба озмоишгоҳи КВД “Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ”-и Кумита дастрас карда шуд.

Санҷиши гузаронидашуда ва натиҷаи озмоиш нишон дод, ки сифати хишти сафолии корхонаҳои истеҳсолӣ, тибқи талаботи банди 5.2.3 ҷадвали 7 ГОСТ-2012 чунин мебошад:
7 - корхона дорои тамғаи 35,
16 - корхона дорои тамғаи 50,
28 - корхона дорои тамғаи 75,
18 - корхона дорои тамғаи 100,
2 - корхона дорои тамғаи 125,
3 - корхона дорои тамғаи 150 .
Хулосаи озмоишии намунаи хишти корхонаҳои зерин:
-ҶДММ “Сохтмони Қалъа”, ҶДММ “Соҳибкор-2002”-и ноҳияи Ҳисор,
-ҶДММ “Шодмон 2010”, ҶДММ “Афра”, ҶДММ “Муҳамадвалӣ”, ҶДММ “Турон” ва ҶДММ “Нур-С”-и ноҳияи Рӯдакӣ,
-ҶДММ “Ширкати Мадад”ва ҶДММ”Сабури Ҳамадонӣ”-и ноҳияи Мирсайид Алии Ҳамадонӣ,
-ҶДММ “Ниагара-а” ва ҶДММ “Тоҷ Фрутис”-и ноҳияи Восеъ,
-ҶДММ “Меҳровари Худобахш”-и ноҳияи Данғара,
-ҶДММ “Вежа”-и шаҳри Турсунзода,
-ҶДММ “Мумин Инвест К”-и ноҳияи Ашт,
-ҶДММ “Агробизнес”-и шаҳри Истаравшан,
-ҶДММ “Акма”-и шаҳри Хуҷанд,
-ҶДММ “Созандагони Суғд” ва ҶДММ “Манзил-2000”-и ноҳияи
Б.Ғафуров,
-ҶДММ “Умед-2012” ва ҶДММ “Иброҳим Қ”-и шаҳри Кӯлоб,
-ҶДММ “Нури Нав”-и ноҳияи Нуробод,
-ҶДММ “Заводи хишт”-и ноҳияи Файзобод ва
-ҶДММ “Лугад”-и ноҳияи Ванҷ (ҷамъ 23 –корхона) нишон дод, ки маҳсулоти ин корхонаҳо дар ҷамъбаст аз тамғаи 75 паст буда, хишти истеҳсолнамудаи 36 корхона аз ҷиҳати андозаҳо ва дурустии намуди зоҳирӣ (ҷадвали 2 ва 3 ) ба банди 4.2 ГОСТ 530-2012 ҷавобгӯ набошад ҳам, вале дорои сертификати мутобиқат ва хулосаи мусбии озмоишгоҳҳо мебошанд.
Корхонаҳои истеҳсолкунандаи хишти ҶДММ “Мумин Инвест Котон”-и ноҳияи Ашт, ҶДММ “Заводи хишти ”-и ноҳияи Файзобод ва ҶДММ “Соҳибкор-2002”-и ноҳияи Ҳисор умуман бе Сертификати мутобиқат фаъолият карда истода, дар соли 2016 мутаносибан 374,1, 150,7 ва 710,0 ҳазор дона хишт истеҳсол намудаанд ва маҳсулоти истеҳсолнамуда бошад, тибқи санҷишҳои соли 2015 ва соли 2016 аз тамғаи 75 паст мебошад.



Ҳадди миёнаи мустаҳкамии хишти дар ҷадвал оварда шуда нишон дод, ки сифати он нисбати соли 2015 каме баланд гардида бошад ҳам, вале дар баъзе аз ташкилотҳо сифат баръакс паст гардида, ба талаботи меъёр ҷавобгӯ набуда, аз тамғаи 75 паст мебошад.

Лекин бояд қайд намуд, ки бо истифода аз маҳсулоти чунин корхонаҳо дар миқёси ҷумҳурӣ сохтмони биною иншоотҳо рафта истодааст ва ин гуна корхонаҳо дорои Сертификати мутобиқат низ мебошанд.

Дар рафти санҷиш ҳамчунин маълум карда шуд, ки аз тарафи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корхонаҳои истеҳсолкунандаи хишти сафолӣ дар ҳаҷми аз 300,0÷2000,0 ҳазор дона хишт барои 6-моҳ Сертификати мутобиқат дода шудааст ва корхонаҳои саноатӣ бошанд, чунин миқдор хиштро дар чанд марҳила истеҳсол менамоянд, ки чунин тарзи корбарӣ боиси паст гардидани сифати истеҳсоли хишт гардида истодааст.

Дар Сертификати мутобиқати ҶСШК КМБ –и шаҳри Исфара, ки аз тарафи маркази санҷиши минтақавии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара дода шудааст, умуман шумораи хишт ва муҳлати амали он қайд карда нашуда, дар он якбора барои истеҳсоли хишти сафолӣ, гаҷи сохтмонӣ ва портландсемент нишон дода шудааст. Ҳол он, ки корхона ба рӯзи санҷиш 6134,0 ҳазор дона хишт истеҳсол намудааст.

Мебояд қайд кард, ки чунин ҳолатҳо дар санҷиши соли гузашта низ ошкор шуда буд ва кормандони корхона, намунаи хиштро барои санҷиш ба озмоишгоҳи ҶСК “ПИЛҶ САНИИОСП”-и дар шаҳри Хуҷанд буда, бо супориши роҳбарияти корхона дастрас накарда буданд.

Дар ҷараёни санҷиш, ҳамчунин ҳолатҳои аз миқдори дар сертификат нишон додашуда, зиёд истеҳсол намудани хишт дар корхонаҳои ҶДММ “Тоҷик Хуа Ши Тай” ва ҶДММ “Сомон сохтмон саноат”-и ноҳияи Рӯдакӣ, ҶДММ “Шуҳрати Ҷаҳонгир”-и шаҳри Ваҳдат, ҶДММ “Ёсини Ёвон”-и шаҳри Ёвон, ҶДММ “Пен Чин Технолоҷи” ва ҶДММ “Сохтмони Қалъа”-и ноҳияи Ҳисор ошкор карда шуданд.

Омӯзиши ҳолати нигаҳдории маҳсулоти тайёр, ҷойгиршавии сехҳои истеҳсолӣ, таҷҳизонидани техникӣ ва ободонии гирду атрофи корхонаҳои ҶДММ “Зам-Зам” ва ҶДММ “Хишти Суғд”-и шаҳри Хуҷанд, ҶДММ “Хишти Ҳоҷи Хасан”-и ноҳияи Б.Ғафуров, ҶДММ “Хишти аввал”- и ноҳияи Рӯдакӣ, ҶДММ “Корхонаи хишт”- и ноҳияи Данғара, ҶДММ “Ниагара-а”- и ноҳияи Восеъ, ҶДММ “Хуҷаста”- и ноҳияи Спитамен, ҶДММ “Ҳаҷмис”- и ноҳияи Деваҳтич, ҶДММ “Талант”-и шаҳри Ваҳдат ва ҶДММ “Рамзи Ваҳдат”-и шаҳри Сарбанд нишон дод, ки тартиби корбарӣ хеле беҳтар ба роҳ монда шудааст.
Вале, дар корхонаҳои ҶДММ “Нури Нав”-ноҳияи Нуробод, ҶДММ “Меҳровари худобахш”- и ноҳияи Данғара, ҶДММ “Чилу”- и ноҳияи Ҳисор, ҶДММ “Тоҷик хуа шитай”, ҶДММ “Шанг Донг”- и ноҳияи Рӯдакӣ ва ҶДММ “Хоки Зарин”- и ноҳияи Деваштич корбарӣ дуруст ба роҳ монда нашуда, ободонии гирду атроф ва маҳсулотҳои истеҳсолшаванда ба талаботҳои нигоҳдорӣ ҷавобгӯ намебошанд.

Дар ҷараёни санҷиш ҳолатҳое буданд, ки ба фаъолияти Гурӯҳи корӣ ва намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби роҳбарони баъзе аз корхонаҳо монеъагӣ зоҳир карда нагузоштанд, ки аз фаъолияти корхонаҳои онҳо шинос шуда, намунаи маҳсулотҳо барои гузаронидани санҷиш гирифта шавад.

Масалан: Дар корхонаи ҶДММ «Далер» ва ҶДММ «Даврон Умаров»-и ноҳияи Ҷ.Расулов, аз тарафи директори генералӣ Умаров Д. нисбати ҳайати комисия беҳурматӣ ва беэътиноӣ зоҳир карда, маводҳои лозимаро пешниҳод накарда, нагузоштанд, ки намунаи хишти истеҳсолшуда гирифта шавад.
Ҳол он, ки намунаи маҳсулотҳои ин ду корхона дар санҷиши соли 2015 гузаронида шуда, ба талаботҳои меъёрӣ ҷавобгуй набуда, аз тағмаи 75 паст буд.
Аз ин лиҳоз, аз ҷониби ҳайати Гурӯҳ ба намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дархост карда шуд, ки нисбати роҳбарони корхонаҳои номбурда, чораҳои зарурӣ андешида шавад. Мутассифона то имрӯз ягон чора андешида нашудааст.

Таҳлил ва санҷишҳои гузаронидашуда собит месозанд, ки назорати босифати истеҳсоли хишт дар сатҳи лозима ба роҳ монда нашуда, нисбати камбудиҳои ҷойдоштаи санҷиши сифати хишти соли 2015 гузаронидашуда, ҷораҷӯии зарурӣ андешида нашудааст.

Қобили тазаккур аст, ки робитаи пайвастаи истеҳсолкунанда бо истеъмолкунанда ва Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дида намешавад. Аз ин лиҳоз, ширкатҳои сохтмониро зарур аст, ки пеш аз харидорӣ намудани хишти сафолӣ дар озмоишгоҳҳои ваколатдор аз санҷиш гузаронанд.

Гурӯҳи корӣ бо мақсади бо сифати баланд ба роҳ мондани истеҳсоли хишт дар миқёси ҷумҳурӣ пешниҳод менамояд, ки:
1. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, минбаъд тибқи талаботи қонунгузории соҳа, додани Сертификати мутобиқатро дар ҳар навбати истеҳсоли хишт вобаста бо ҳар як силсилаи (партия) истеҳсолшуда тибқи талаботи бандҳои 4.2 - 6.9 ГОСТ 530-2012 ба роҳ монад.
2. Барои пешгирии истеҳсоли хишти пастсифат, ба корхонаҳои истеҳсолкунандае, ки хишти истеҳсолкардаи онҳо дар давоми санҷишҳои гузаронидашуда ба талаботҳои ГОСТ 530-2012 ҷавобгӯ намебошанд, то бартараф кардани камбудиҳо, аз тарафи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сертификати мутобиқат дода нашавад.
3. Барои баланд бардоштани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда дар корхонаҳои истеҳсолӣ, назорати дохилии коргоҳ ба роҳ монда шавад.
4. Барои тарғибу ташвиқи корхонаҳои истеҳсолкунандаи сифати баланди маҳсулот зарур шуморида мешавад, ки ҳар сол дар моҳҳои июн-август фаъолияти корхонаҳои хишт мавриди санҷишу омӯзиш қарор дода, ба муносибати “Рӯзи сохтмончиён” озмуни “Беҳтарин истеҳсолкунандаи хишт” баргузор намуда, корхонаҳои беҳтарин қадрдонӣ карда шавад.
5. Натиҷаи санҷиши Гурӯҳи корӣ дар маҷаллаю рӯзномаи сохтмонӣ ва сайти Кумита инъикос карда шавад.

Сармутахассиси Раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энертетикии
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қ .Юсупов




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво