27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ корхонаи истеҳсоли пӯшакҳои кӯдаконаро ифтитоҳ намуданд

165
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ корхонаи истеҳсоли пӯшакҳои кӯдаконаро ифтитоҳ намудандИмрӯз бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корхонаи истеҳсоли пӯшакҳои кӯдакона дар кӯчаи Миралӣ Маҳмадалии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, иттилоъ доданд дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст бо шароити фароҳамовардаи кор дар корхонаи мазкур ошно гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи мазкур аз ду қисм, коргоҳи истеҳсолию анборхона ва қисми маъмурӣ иборат буда, дар он 150 нафар ба кори доимӣ фаро гирифта шудаанд. Корхона имкон дорад, ки дар се баст фаъолият намуда, дар як дақиқа то 600 адад ва дар як шабонарӯз зиёда аз 800 ҳазор адад пӯшакҳои кӯдакона истеҳсол намояд.

Сохтмони корхона дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби ҶДММ «Васли Моғиён» соли 2020 оғоз гардида буд.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ корхонаи истеҳсоли пӯшакҳои кӯдаконаро ифтитоҳ намуданд


Фармоишгари корхонаи истеҳсоли пӯшакҳои кӯдакона роҳбари ҶДММ «Афзалият групп» Абдураҳмон Ғайбуллозода буда, корҳои лоиҳакашӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Селтехпроект» бо риояи стандартҳои ҷаҳонӣ анҷом дода шудааст.

Масоҳати умумии корхона 11845.0 метри мураббаъро ташкил дода, коргоҳи истеҳсолӣ аз ду ошёна иборат мебошад, ки дар он 11 ҳуҷраи корӣ, ошхона барои кормандон ва озмоишгоҳ барои санҷиши маҳсулоти истеҳсолшуда ҷойгир гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур бо арзиши понздаҳ миллион сомонӣ бунёд гардида, таҷҳизоти истеҳсолии он аз технологияҳои итолявии ширкати Фамеканика Машинерии Ҷумҳурии Италия мебошад.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ корхонаи истеҳсоли пӯшакҳои кӯдаконаро ифтитоҳ намуданд


Дар оянда масъулин нақша доранд, ки бо бештар намудани ҳаҷми истеҳсоли пӯшакҳои кӯдакона содиротро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъулинро муваззаф намуданд, ки дар самти баланд бардоштани сифати маҳсулоти истеҳсолӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.


АКСҲО: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво