26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқоти дуюми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар Женева иштирок намуд

172
Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқоти дуюми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар Женева иштирок намудҲайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Баҳодур Шерализода ва Раиси Кумитаи иҷроияи Бунёди байналмилалии наҷоти Арал Султон Раҳимзода дар мулоқоти дуюми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки 8 март дар қароргоҳи Созмони ҷаҳонии метеорологӣ дар Женева доир гардид, иштирок намуд, иттилоъ доданд дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Мулоқоти дуюми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим зери унвони «Пешвоёни обу иқлим» баргузор гардид.

Роҳбари ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа дар партави мубориза бо тағйирёбии иқлим оид ба якчанд масъалаҳои вобаста ба об сухан гуфта, ташаббуси нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъкид намуд.

Махсусан, зикр гардид, ки ҳадафи асосии ин иқдом баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ дар бораи коҳиши босуръати пиряхҳои ҷаҳон ва мусоидат ба таҳияи тадбирҳо оид ба рафъи оқибатҳои эҳтимолии обшавии пиряхҳо мебошад.

Дар ҷаҳорчӯби мулоқоти мазкур ҳамчунин дигар ташаббусҳои дар доираи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим таҳияшуда, ки ба ҳалли ҳамгироишудаи масъалаҳои об ва тағйирёбии иқлим нигаронида шудаанд, баррасӣ гардиданд.

Ҷаласа кори худро бо санади ниҳоӣ зери унвони «Даъват ба амал» ба анҷом расонида, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати татбиқи он дар наздиктарин фурсат нақшаи амал таҳия намоянд. Зикр гардид, ки натиҷаҳои аввалини Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим зери унвони «Пешвоёни обу иқлим» бояд дар доираи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об, ки моҳи марти соли 2023 дар Ню Йорк таҳти ҳамраисии Тоҷикистон ва Нидерландия баргузор мегардад, муаррифӣ карда шаванд.

Бояд тазаккур дод, ки Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим зери унвони «Пешвоёни обу иқлим» соли 2021 аз ҷониби Созмони ҷаҳонии метеорологӣ ва механизми «СММ – Об» бо мақсади ба таври ҳамгироишуда пеш бурдани масъалаҳои обу иқлим дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд таъсис дода шуда, 16 нафар сиёсатмадорону коршиносони сатҳи баланд аъзои он мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти саҳми арзандаашон дар пешбурди масъалаҳои обу иқлим дар рӯзномаи ҷаҳонӣ аз аввалинҳо шуда барои узвият дар ин Панели сатҳи баланд даъват шуда буданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво