26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ноҳияи Спитамен бунёд ва таҷҳизи корхонаҳои саноатӣ ҷараён дорад

166
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз ноҳияи Спитамен ҷараёни бунёд ва васлу насби таҷҳизотро дар корхонаҳои навтаъсиси «Шири Спитамен» ва коргоҳи истеҳсоли сачоқ ва хилъати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «25-солагии Истиқлолият» мавриди таваҷҷуҳ қарор дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Корхонаи коркарди шир аз ҷониби ҶСП «Комбинати шири Душанбе» сохта шуда, маблағи умумии сармоявӣ 7,5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур коркарди 20 тонна шир дар як баст, аз ҷумла 1 тонна шири хушк дар як шабонарӯз ба ҳисоб меравад.

Коргоҳи истеҳсоли сачоқ ва хилъат аз ҷониби ҶДММ «Органик-Ян» таъсис ёфта, дар марҳилаи аввал дар он то 150 нафар соҳиби ҷойи кор мегарданд. Таҷҳизоти истеҳсолии коргоҳ аз Туркия ва Корея ворид карда шуда, аз нахи пахтаи дар корхонаи «Органик-Ян» истеҳсолшаванда маҳсулоти тайёр омода ва ба бозори дохилӣ ва хориҷӣ бароварда хоҳад шуд.

Барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо раиси вилоят ба масъулин тавсияҳо дода, таъкид кард, ки иншооти ҷашнӣ дар муҳлати пешбинишуда бояд омода карда шаванд.

Сипас раиси вилоят бо вазъи омодагии корхонаҳои коркарди пахта, аз ҷумла ҶСП «Деҳқон» ва ҶДММ «25-солагии Истиқлолият» шинос шуда, барои пурра ба мавсими нав омода намудани корхонаҳои коркарди пахта супоришҳо дод.

АКС аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво