27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ВАО-и Туркия тақдими «Нишони фахрии Рамзи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ» ба Эмомалӣ Раҳмон инъикос гардид

153
Дар ВАО-и Туркия тақдими «Нишони фахрии Рамзи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ» ба Эмомалӣ Раҳмон инъикос гардид
Тавре қаблан иттилоъ додем, дар доираи сафари давлатӣ ба Туркманистон ва иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркманбошӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ дар вазъияти тантанавӣ ва дар ҳузури сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо нахустин мукофоти олӣ – «Нишони фахрии Рамзи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ» сарфароз гардонида шуданд.
Дар ВАО-и Туркия тақдими «Нишони фахрии Рамзи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ» ба Эмомалӣ Раҳмон инъикос гардид
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» Манижа МАҚСУД аз Истанбул хабар медиҳад, 9 август Маркази тадқиқоти стратегии Ҷумҳурии Туркия бо номи «Sahibkıran» дар саҳифаи интернетии худ sahipkiran.org оид ба тақдим гардидани ин мукофоти олӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо забони туркӣ зери унвони «Orta Asya Devlet Başkanları Onur Madalyası’ Tacikistan Cumhurbaşkanı Emomali Rahmon’a Verildi» (Тақдими мукофоти олӣ – «Нишони фахрии Рамзи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ» ба Эмомалӣ Раҳмон) мақола ба нашр расонидааст.

Дар мақолаи мазкур оид ба Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ маълумот дода шуда, нуктаҳо аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оварда шудаанд.

Дар идомаи мақола таъкид шудааст, ки барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Президенти Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов нахустин мукофоти олӣ – «Нишони фахрии Рамзи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ» дар ҳузури сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ тақдим гардид.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво