29 июл 2021, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии 20 ва 50-сомонии намунаи соли 2021-ро ба муомилот мебарорад

30
Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии навро бо арзишҳои номиналии 20 ва 50 — сомонии намунаи соли 2021 ба муомилот мебарорад. Ҳадафи ба муомилот баровардани пулҳои коғазии нав таъмини талаботи муомилоти пули нақди ҷумҳурӣ бо пулҳои коғазӣ ва баланд бардоштани дараҷаи ҳимояи пули миллӣ арзёбӣ мегардад.

Аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки пулҳои коғазӣ бо арзишҳои номиналии 20 ва 50- сомонии намунаи соли 2021 дар радифи пулҳои коғазӣ бо арзишҳои номиналии 20 ва 50 сомонӣ, намунаи солҳои 1999, 2010, 2017 ва 2018, ки дар муомилот мавҷуданд, баробар гардиш менамоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкили шароит барои ба муомилот баровардани пулҳои коғазии намунаи соли 2021 бо арзишҳои номиналии 20 ва 50 сомонӣ тибқи тартиби муқарраршуда тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Пулҳои коғазии бо арзишҳои номиналии 20 ва 50-сомонии намунаи соли 2021 дорои дараҷаи ҳифозатии баланд буда, аз омехтаи нахи пахта (80%) ва маводи химиявии полимер (20%) омода шудаанд. Онҳо дорои унсурҳои ҳимоявӣ, аз қабили нишонаи обӣ, риштаи ҳимоявӣ, резанавишт, унсури чопию нақшкӯби зидди нусхабардорӣ, тасвирҳои бо ҳам пайвандшаванда, кинеграмма, нишона барои нобиноён ва ҳимояи магнитӣ мебошанд.






Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво