27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба сардорони 6 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Иттифоқи ноҳияи Вахш калиди хонаҳои навашон супорида шуд

166
27 июн ба сардорони 6 оилаи деҳаи Иттифоқи деҳоти «20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон»-и ноҳияи Вахш, ки сохтмони манзили истиқоматии онҳо ба анҷом расиданд, калиди хонаҳои навашон тақдим карда шуд. Хонаҳои бунёдгардида 3 ва 4 ҳуҷрагӣ буда, бо тамоми шароити буду боши зиндагӣ таъмин мебошанд. Дар ин мавзеъ то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрчаи нави замонавӣ бунёд мегардад.Бо дастури Пешвои миллат дар ин деҳа, ки беш аз 400 хоҷагӣ дорад, давоми 6 моҳи оянда мактаб ва бунгоҳи тиббӣ низ бунёд хоҳад ёфт.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, дар маросими мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода ва муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон, полковник Сулаймон Исозода, инчунин роҳбарияти ноҳияи Вахш иштирок доштанд.

Ёдовар мешавем, ки 11 майи соли 2021 дар деҳаи Иттифоқи ноҳияи Вахш дар натиҷаи боришоти борони зиёд, омадани сел 41 хонаи истиқоматии шаҳрвандон пурра хароб шуда буд.

Мавриди зикр аст, ки бо мақсади бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва навсозии хонаҳои истиқоматӣ, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ғамхориҳо зоҳир гардида, ҷараёни корҳои бунёдкориву ободонӣ зери таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат қарор доранд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво