23 июн 2021, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Театри давлатии драмаи русии ба номи В.Маяковский намоиши «Ҷанг симои занона надорад»-ро ба тамошобинон манзур мекунад

87
Намоиши «Ҷанг симои занона надорад», ки аз рӯи романи ҳамноми нависандаи Беларус Светлана Алексиевич таҳия шудааст, 6-7 май аз ҷониби Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский ба тамошобинон пешкаш карда мешавад.

Тавре аз театр хабар доданд, он ба муносибати таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон намоиш дода мешавад.

Намоишро коргардон ва ҳунарпешаи ботаҷриба, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Мунира Дадаева ба саҳна гузоштааст. Дар он нақшҳои асосиро ҳунармандони театр бозӣ мекунанд.

Ин намоиш дар бораи занҳое, ки ҳамаи даҳшатҳои ҷангро паси сар кардаанд, хотираҳои занҳои тӯпзан, снайперҳо, минаҷӯҳо, халабонҳо, ҷомашӯён, нонпазҳо, ҳамшираҳои шафқат ва партизанҳо қисса мекунад.

Замони мудҳиши ҷанг ҳатто занҳоро ҳам ба ҳолашон нагузошт. Аз замонҳои қадим мегуфтанд, ки кори ҳарбӣ касби мардона аст. Аммо, зиндагӣ комилан ба таври дигар мешавад. Мардум ба он одат кардаанд, ки занон метавонанд ба сарбозон кумак кунанд, масалан: хӯрок омода кунанд, беморону захмиёнро нигоҳубин ва табобат намоянд. Аммо на ҳама чиз ин қадар сода буд, баъзан мардон намерасиданд ва занон маҷбур буданд, ки дар саф истода, силоҳ ба даст гиранд. Онҳо ҳатто маҳорати рондани мошинҳои низомӣ ва ҳавопаймоҳоро аз худ карданд.Н

амоиш аз таърихи ҳақиқии занони низомӣ нақл мекунад, ки ҳар кадоми онҳо тарсу ҳарос, ваҳшат ва харобиҳои ҷангро аз сар гузарондаанд.






Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво