26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия вазъи кунунӣ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор доданд

159
1 май Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Човушоғлу гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод. Дар суҳбат ҷонибҳо вазъи кунунӣ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот С.Муҳриддин ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия роҷеъ ба вазъ дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла тавофуқот оид ба эълони оташбас ва ҳусни нияти ҷонибҳо барои ҳаллуфасли ҳолати бавуҷудомада тариқи гуфтушунидҳо ва бо истифода аз василаҳои сиёсӣ-дипломатӣ маълумот дод. Дар ин робита, С. Муҳриддин аҳаммияти суҳбати телефонии роҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон барои ба эътидол овардани вазъ дар сарҳади давлатии байни ду кишварро қайд намуд. Зимнан азми қавии Душанбе барои ҳалли батадриҷи ин масъала тариқи музокирот ва роҳҳои барои ҳар ду ҷониб мақбул бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ таъкид гардид.

Вазири корҳои хориҷии Туркия М.Човушоғлу аз тавофуқоти тарафайн роҷеъ ба оташбас ва имзои протоколҳо оид ба ҳалли низоъ дар қитъаҳои наздисарҳадӣ ва азсаргирии гуфтушунидҳо оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон истиқбол намуд.

М. Човушоғлу инчунин ҳавасмандӣ ва манфиати ҷониби Туркияро танҳо дар ҳалли мусолиматомези вазъи кунунӣ таъкид карда, омодагии хешро барои мусоидат ҷиҳати ҳифзи сулҳ ва ба эътидол овардани муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя иброз дошт.

Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркияро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ карданд.

Суҳбат дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво