27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

211
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
23 апрел Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Содик Имомиро, ки маъмурияти дипломатиаш дар Тошканд ба итмом мерасад, ба ҳузур пазируфт.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни суҳбат Шавкат Мирзиёев сатҳи олии дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии ӯзбеку тоҷикро, ки ба туфайли иродаи сиёсӣ ва қадамҳои қатъии роҳбарони ду кишвари бародар ба даст омадааст, махсус қайд кард.

Дар идома иброз намуд, ки айни замон, ҳамкории дуҷониба беистисно ҳама соҳаҳоро фаро мегирад ва бо мундариҷаи мушаххас пур шуда, босуръат рушд мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомиро барои хидматҳои бузург дар ноил шудан ба сатҳи олии муосири муносибатҳои дуҷониба ва саҳми шахсӣ дар рушди ҳамкориҳои гуногунҷабҳа бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон сарфароз гардонд.



Дар навбати худ, Сафир ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои баҳои баланд ва дастгирии ҳамаҷониба ба фаъолияти ӯ изҳори миннатдории самимӣ кард.

Ҳамчунин ӯ таъкид кард, ки бешак дар оянда низ барои амалӣ намудани ҳадафҳо ва вазифаҳо ҷиҳати таҳкими муносибатҳои бародаронаи ду кишвар ва миллат саъй хоҳад кард.





Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво