26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар коргоҳи нави дӯзандагии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт 25 нафар бонувони хонанишин бо кор таъмин гардиданд

273
Дар маҳаллаи Чашмасори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ноҳид» коргоҳи дӯзандагӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дар коргоҳи мазкур зиёда аз 25 нафар бонувони хонанишини пойтахт бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Дар маросими кушодашавии ин корғоҳ намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оила, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок доштанд. Дар ин бора муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Наргис Шарифзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

«Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳри касбу ҳунаромӯзии занону духтарони хонашин ва бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо дар пойтахт тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, ба кор даромадани коргоҳи мазкур низ аз ҷумлаи онҳост»,- иброз намуд муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Наргис Шарифзода.

«Корхонаи навбунёд бо дастгоҳҳои муосири дӯзандагӣ, ки даҳҳо амалиётро анҷом медиҳанд, ҷиҳозонида шудааст. Аз ин рӯ, дар навбати аввал 25 нафар занони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, ба онҳо мутахассисони соҳибтаҷриба тарзи истифода аз ин дастгоҳҳоро меомӯзонанд. Коргоҳи дӯзандагӣ дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба истифода дода шуд»,-афзуд номбурда.

Ёдовар мешавем, ки ду рӯз пеш бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои 80 нафар духтарону бонувони пойтахт дар заминаи Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази касбомӯзии шаҳри Душанбе» давоми як моҳ курси омӯзишии «Бонуи ҳунар» ташкил карда шуд.

Ташкили курсҳои омӯзишӣ ба соҳибкасб намудани занону бонувон, рушди ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии занону бонувон аз оилаҳои ниёзманд ва мусоидат ба беҳдошти вазъи иҷтимоии занону духтарон равона гардидааст.

Соли равон дар пойтахт аз ҷониби мақоми шаҳрии ваколатдори соҳа 2166 нафар занону бонувон ба курсҳои омӯзишӣ ҷалб карда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 410 нафар зиёд мебошад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво