20 июн 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Энергиясамаранокӣ дар сохтмон

1272
Энергиясамаранокӣ дар сохтмон7-уми июн дар толори ҶСК «Шаҳрофар»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар дар мавзӯи «Қонунгузории нерӯзахиракунӣ ва нерӯсарфакунӣ» баргузор гардид. Дар семенар Мирзозода Низом Юсуфӣ- муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нурзат Абдирасулова-мушовири калони қонунгузории самти нерӯзахиракунӣ-намояндаи ширкати «Юнисон групп», Дарика Сулаймонова-мушовири қонунгузории самти нерӯсарфакунӣ -намояндаи ширкати «Юнисон групп» ва роҳбарону кормандони зерсохтори Кумита иштирок намуданд. Мирзозода Низом Юсуфӣ дар бораи нерӯсарфакунӣ дар биною иншоот ва аҳамияти он ҳарф зада, қайд намуд, ки биною иншоот дар ҷумҳурӣ пурра тибқи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ сохта шуда, усули нерӯсарфакунӣ низ ҳатман ба инобат гирифта мешавад.
Энергиясамаранокӣ дар сохтмон
Сипас, Н.Абдирасулова ва Д.Сулаймонова дар мавзӯи самаранокии барқ дар сохтмонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонуни нерӯсарфакунӣ дар Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Словакия, Малдова, инчунин тавсия барои инкишофи қонун дар соҳаи нерӯзахиракунию нерӯсарфакунӣ ва ҷорӣ намудани он дар сохтмон шарҳ доданд.
Бояд қайд кард, ки намояндагони ширкати «Юнисон групп» раванди нерӯсарфакуниро дар сохтмон дар минтақаҳои мухталиф омӯхта, манфиати онро ба тариқи семинар барои кормандони соҳаи сохтмон шарҳ медиҳанд.
Дар анҷоми семинар дархосту саволҳои пешниҳодшуда аз ҷониби кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва намояндагони ширкати «Юнисон групп» муҳокима карда шуданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво