«Камол – устоди бузурги забон» ба дасти хонанда расид
359
Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» бо ҳамкории кормандони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон бахшида ба 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ таҳти унвони «Камол – устоди бузурги забон» тавассути нашриёти «Ношир» китоби нав чоп намуд.
Тибқи иттилои директори «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» Баҳром Раҳматов, китоб ҷилди чаҳоруми «Силсилаи китобҳои камолшиносӣ» буда, бо кӯшиши корманди МД «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» Фирӯза Қодирова таҳия шудааст. Дар китоби мазкур дар доираи 28 мақола паҳлӯҳои мухталифи забонии шеъри Камоли Хуҷандӣ: воҳидҳои савтӣ, лексикӣ, сарфӣ, наҳвӣ, фразеологиро мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Умуман мақолоти китоб бештар дар доираи ғановату назокат ва ҷолибияти забони ғазалҳои дилошӯби шоир буда, фикру андешаҳои муҳаққиқони гузаштаву ҳозираро доир ба ин падида фаро гирифтаанд. Баҳром Раҳматов афзуд, ки «тадвини ин маҷмӯа ҷойгоҳи нопурраи доираи забоншиносии эҷодиёти шоирро мукаммал месозад. Аҳамияти маҷмӯа низ дар мушаххассозии кори минбаъдаи муҳаққиқон зоҳир мегардад, зеро зимни дастрассозӣ ва мутолиаи китоб бо нуктаҳои баррасиёфта ва аз назармондаи таҳқиқ шинос шудан имкон дорад ва дар заминаи он таҳқиқоти густардаи паҳлӯи дигари забони шоир ба миён хоҳад омад. Бо омӯзиши мероси бозмондаи ин суханвар муайян сохтани як марҳалаи ташаккули забони тоҷикӣ-форсии мовароуннаҳрӣ имконпазир мегардад, зеро эҷодиёти хушоянди шоир далели раднопазир аз маҳорати устодонааш вобаста ба қисматҳои гуногуни забоншиносӣ мебошад».
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |