27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Заркамари ноҳияи Мӯъминобод ба фаъолияти корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дуоб-Р» оғозӣ расмӣ бахшиданд

218
25 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар деҳаи Заркамари ноҳияи Мӯъминобод ба фаъолияти корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дуоб-Р» оғози расмӣ бахшиданд.

Коргоҳи мазкур аз ду сехи коркарди меваю сабзавот ва маҳсулоти ширӣ иборат буда, аз ҷониби соҳибкорон Файзалӣ ва Ҳасанҷон Забировҳо таъсис дода шудааст.

Аснои шиносоӣ бо сехи коркарди маҳсулоти ширӣ ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки тамоми техникаю дастгоҳҳои корӣ муосир буда, дар ин ҷо 12 намуди маҳсулоти ширӣ омода карда мешаванд. Дар як басти корӣ сехи мазкур имкон дорад то 5 тонна маҳсулоти ширӣ коркард намояд. Дар ноҳияи Мӯъминобод ин ягона коргоҳест, ки бозори маҳаллиро бо маҳсулоти ширӣ таъмин мекунад. Шир дар доираи шартномаи дуҷониба аз хоҷагиҳои деҳқонӣ дастрас карда мешавад.

Дастгоҳу технологияи сехи коркарди меваю сабзавот аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки барои омода намудани маҳсулоти ниҳоӣ дар сехи коркарди меваю сабзавот пурра ашёи хоми ватанӣ истифода шуда, барои таъминот бо меваю сабзавоти тару тоза дар шафати корхона 2 гектар боғ бо 6 номгӯй меваҷот бунёд карда шудааст. Ҳосили бадастомада дар сехҳо коркард шуда, дар шакли консерва ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат бароварда мешавад. Ҳамчунин меваю сабзавот аз хоҷагидорони ноҳия низ харидорӣ мегарданд.

Баъди ба истифода додани ин корхонаи саноатӣ 100 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин гардиданд, ки аксарашон ҷавононанд.

Масоҳати умумии замини иншоот 6 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, майдони зери сохтмони корхонаҳо 2 ҳазор метри мураббаъ мебошад.

Дар атроф ва дохили корхона корҳои сабзазоркунӣ анҷом дода шуда, дар саҳни он гулу дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шудааст.

Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Мӯъминобод барои рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, дар ин раванд бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 19 коргоҳи хурду бузург ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 7 адади он фаъол гардонида шуда, дар боқимондаи онҳо корҳои созандагӣ идома доранд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво