Оғози «CASA-1000» ва дурнамои рушди ҳамкории минтақавии энергетикӣ» дар Душанбе
993
Нимаи дуюми рӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввари «CASA-1000 ва дурнамои рушди ҳамкории минтақавии энергетикӣ» доир мегардад.
Интизор меравад, ки ин чорабинии сатҳи байналмилалиро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ифтитоҳ намояд. Дар назар аст, ки дар мизи гирд намояндаи Бонки ҷаҳонӣ, муовини Дабири кули СММ, котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором ва намояндаи Иттиҳоди Аврупо ширкат варзанд. Дар ҳамоиш маърӯзаҳои намояндаи Бонки ҷаҳонӣ оид ба лоиҳаи «CASA-1000», вазири энергетика ва обтаъминкунии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, вазири иқтисоди Ҷумҳурии Қирғизистон, вазири захираҳои об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон, намояндаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, намояндаи Бонки исломии рушд, намояндаи Бонки аврупоии сармоягузорӣ, намояндаи Вазорати давлатии рушди байналмилалии Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ (DFID), намояндаи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ шунида мешаванд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |