26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Аз Саразми бостон то кӯҳҳои Фон: мавзеъҳои ҷолибе, ки дили сайёҳони дунёро тасхир намудаанд

596
Аз Саразми бостон то кӯҳҳои Фон: мавзеъҳои ҷолибе, ки дили сайёҳони дунёро тасхир намудаанд
Ба истиқболи 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, ки моҳи сентябри имсол бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланд ҷашн гирифта мешавад ва бо мақсади муаррифии зарфиятҳои сайёҳии мамлакат, рушди соҳа дар минтақаҳо бо истифода аз имтиёзҳои роҳандозигардида аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ мутахассисони Кумитаи рушди сайёҳӣ якҷо бо масъулини бахши сайёҳии шаҳри Панҷакент 7-8 август аз маконҳои сайёҳии шаҳр дидан намуданд.

Гурӯҳи мазкур ҳамзамон барои муайян намудани имкониятҳои мавҷуда, татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҷашн гирифтани 5500 — солагии шаҳри Саразми бостонӣ ва омода намудани иншооти қабулу хизматрасонӣ ба сайёҳон бо риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ сафарбар гардид.

Шаҳри бостонии Панҷакент барои рушди сайёҳии таърихию фарҳангӣ ва этнографӣ, инчунин сайёҳии экологӣ мусоид буда, мавҷудияти яке аз маконҳои таърихӣ — Саразм, ки ба рӯйхати мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардидааст, диққати сайёҳонро ба худ бештар ҷалб месозад. Дар ҳудуди шаҳри қадимаи Панҷакент беш аз 350 ёдгории таърихӣ, манзараҳои нотакрори табиӣ, мавзеъҳои истироҳатию сайёҳӣ, ба монанди Кӯли Калон ва Ҳафткӯл мавҷуданд, ки бо диданашон дар хотироти сайёҳон то дер нақш мебанданд.

Дар ин минтақа сайёҳони хориҷӣ бештар ба хатсайрҳои кӯҳӣ таваҷҷуҳ менамоянд. Барои ин гурӯҳҳо дар мавзеъҳои машҳур – Ҳафткӯл ва Кӯли Калон пойгоҳҳои пазироии сайёҳон бо ҳама шароити созгор ташкил шуда, ҳоло бунёди нуқтаҳои қабули сайёҳон дар хатсайрҳои кӯҳӣ бомаром идома дорад.

Дар шаҳри Панҷакент 21 ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд. Дар шашмоҳаи аввали соли равон 2 ширкати нав таъсис ёфта, ба бозори хизматрасонӣ ворид гардиданд. Дар шаҳр 1 ташкилоти ҷамъиятӣ бо номи Шӯрои туризми Зарафшон, 10 меҳмонхона, 22 хонаи меҳмонқабулкунӣ дар шаҳру деҳот, пойгоҳи кӯҳнавардию сайёҳии Артуч (дорои 155 ҷойи хоб, одӣ, миёна, майдончаи варзишӣ барои футбол ва волейбол, толор барои гузаронидани семинар-конфронсҳо, ҳаммоми табобатӣ, гулхан барои шабнишинӣ), пойгоҳи сайёҳии «Марғзор», воқеъ дар соҳили шашум, кӯли «Марғзор»-и силсилакӯҳҳои Ҳафткӯл ҷойгир буда, дорои 30 ҷойи хоби одӣ, миёна, майдончаи варзишӣ барои волейбол, хайма барои гузаронидани семинар-конфронсҳо, ҳавзи табобатӣ, гулхан барои шабнишинӣ мебошад ва дар онҳо шароит фароҳам оварда шуда, ба сайёҳони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонанд.



Бахшида ба ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ бунёду навсозии як силсила иншоот ва ёдгории таърихию фарҳангӣ, иншооти вобаста ба соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла, сохтмони 4 меҳмонхона барои 250 ҷой дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент бомаром идома дорад.

Дар шаҳр 4 маркази иттилоотии сайёҳӣ ва ҳунармандӣ фаъолият доранд. Бахшида ба таҷлили 5500 – солагии Саразми бостонӣ дар даромадгоҳи пойгоҳи бостоншиносии Саразм 6 маркази ҳунармандӣ сохта шуда истодааст, ки як маркази он иттилоотӣ буда, барои сайёҳон ва фурӯши армуғонҳо пешбинӣ гардидааст.

Бо мақсади таъсиси гӯшаҳои иттилоотии сайёҳӣ дар фурудгоҳ, гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва гузаргоҳҳои наздисарҳадии нақлиётӣ ва таъмини ин гӯшаҳо бо маводи иттилоотиву таблиғотии сайёҳӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ аз ҷониби бахши рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр се адад ишораҳои сарироҳӣ дар мавзеъҳои сайёҳӣ насб гардида, ҳамзамон даҳ адад ишораҳои сарироҳии сайёҳӣ дар мавзеҳои сайёҳии Кӯли Калон ва Ҳафткӯл насб карда мешаванд.

Айни замон дар шаҳри Панҷакент 21 адад маркази ҳунармандӣ, аз ҷумла 6 адад атласу адрасбофӣ ва 15 адади дигар маркази ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳру деҳот фаъолият доранд.

Бахшида ба ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд роҳнамои аудиоиро барои шиносоӣ бо таърихи Саразм бо забонҳои русӣ ва англисӣ барои сайёҳон омода ва дар шабакаи интернет ҷойгир намуд.

Сайёҳони дохилию хориҷӣ метавонанд роҳнамои мазкурро аз ин пайванд https://izi.travel/en/aea5-historico-archeological-sitesarazm/en ройгон дастрас намуда, бо 5 макони таърихии ин мавзеи бостонӣ шинос шаванд. Замимаи мазкур аз ҷониби ҳазорон истифодабарандагон, аз ҷумла осорхонаҳо, ширкатҳои сайёҳӣ ва роҳбаладон истифода бурда мешавад. Сомонаи мазкурро ҳар моҳ ҳафт миллион нафар аз 100 мамлакати дунё ва 2250 шаҳрҳои олам бо 59 забон дидан мекунанд.

Ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо Агентии ҳамкории байналмилалии Амрико дар Тоҷикистон (ЮСАИД) бо мақсади иттилоотонии сайёҳон дар шоҳроҳи Душанбе – Айнӣ — Панҷакент то сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон 20 адад лавҳаҳои иттилоотию ишораҳои сарироҳӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оид ба маконҳои сайёҳӣ, аз ҷумла вобаста ба Саразми бостонӣ ва Панҷакенти қадим насб гардида истодаанд.

Бо мақсади ҳарчи бештар муаррифӣ намудани имкониятҳои сайёҳии минтақа аз ҷониби ширкатҳои сайёҳии ватанӣ 12 адад хатсайри сайёҳӣ бо фарогирии мавзеъҳои фарҳангию таърихӣ ва экологӣ бахшида ба 5500-солагии Саразм таҳия гардида, пешкаши дӯстдорони сайру саёҳат гардонида шуд.

Соли 2019 72 ҳазору 736 нафар сайёҳ аз шаҳри Панҷакент дидан намуд. Аз ин шумора 34 ҳазору 28 нафарашонро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Дар шашмоҳаи аввали соли 2020 2 ҳазору 267 нафар сайёҳ аз шаҳр дидан намуд, ки аз ин шумора 89 нафарашонро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Аз рӯи таҳлилҳо дар соҳа ва мушкилиҳои ҷойдошта мутахассисони Кумита ба сохторҳои марбутаи шаҳр ҷиҳати таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудан ба соҳаи сайёҳӣ ҳамчун самти афзалиятнок, ташкили омӯзишҳо бо ҷалби соҳибкорон дар самти ташаккули бизнеси сайёҳӣ ва истифодаи самараноки имтиёзҳои пешниҳодгардида дар соҳаи сайёҳӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар иншооти хизматрасонии сайёҳӣ, беҳтар намудани сифати алоқаи мобилӣ ва таъмини интернет дар мавзеъҳои сайёҳгузар, инъикоси ҳамаҷонибаи имкониятҳои сайёҳии шаҳр тариқи ВАО, ташкили хатсайрҳои нави сайёҳӣ, тартиби пешниҳод намудани маълумоти дурусти омори сайёҳӣ, омода намудани кадрҳои лаёқатманд барои хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар заминаи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент, ки мутахассисони соҳаи сайёҳиро тайёр менамояд ва ба шуғл фаро гирифтани бештари аҳолии маҳаллӣ тавсияҳои мушаххас пешниҳод намуданд.

Бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ дар самти тарғибу муаррифии ҳар як минтақаи назаррабои мамлакат ширкатҳои сайёҳӣ вазифадор гардидаанд, ки бо пешниҳоди хатсайрҳои нави сайёҳӣ хизматрасониро барои боздиди сайёҳон бештар ба роҳ монанд.

Марзияи САИД,
АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво