5 ноябр 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Карантин* бори аввал барои пешгирии паҳншавии беморӣ аз ҷониби донишманди тоҷик Абӯалӣ ибни Сино пешниҳод шудааст

439
Аввалин бор фикри ба карантин фаро гирифтани беморони сироятӣ аз ҷониби маъруфтарин донишманду файласуф, ҳакиму табиб, равоншиносу риёзидон, ситорашиносу шоири тоҷик Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино ба вуҷуд омадааст. Ин матлабро мудири Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи милии илмҳои Тоҷикистон Сунатулло ҶОНБОБОЕВ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иброз намуд.

Ба нақли Сунатулло Ҷонбобоев, дар китоби «Ал-қонун-фӣ-тибб»-и ибни Сино омадааст, ки ӯ барои пешгирии сироят ёфтани одамон усули ҷудо кардани онҳоро давоми 40 рӯз таҳия намудааст. Зеро ба андешаи Шайхурраис, баъзе бемориҳо тавассути микроорганизмҳои хеле хурд, ки ба чашм намоён нестанд, паҳн мешаванд. Ва огоҳ кардааст, ки усули табобати ин гуна бемориҳо, аз ҷумла вабову тоун аз ҳам ҷудо кардани гурӯҳи одамони бемор аст, то дигаронро сироят накунанд.

«Дар «Ал-қонун-фӣ-тибб» ин усул бо номи «арбайин» (чил) омадааст. Дар ҳамон замонҳо ба воситаи тоҷироне, ки тариқи роҳи Абрешим аз Чин ба Аврупо мерафтанд, калимаи «карантин», ки маънояш «чил рӯз» аст, пайдо ва бисёр машҳур шудааст. Тоҷироне, ки борашонро бо киштӣ ба Рим мебурданд, чил рӯз интизор мешуданд, то киштӣ ба бандар ворид шавад. Вақте дар байнашон шахсони мариз пайдо мешуданд, онҳоро дар ҷойи алоҳида муддати чил рӯз нигоҳ медоштанд»,- гуфт Сунатулло Ҷонбобоев.

Имрӯзҳо дар авҷи пандемияи коронавирус филми «Ибни Сино», ки дар бораи зиндагии ин донишманди тиб, мутафаккири бузурги тоҷики сатҳи ҷаҳонӣ Абӯалӣ ибни Сино дар қарни X мелодӣ нақл мекунад, дар баъзе кишварҳо тамошобинони зиёд ҷамъ намудааст. Филм дар бораи пешгирӣ ва бартараф кардани як бемории маргбор, ки дар шаҳри Бухоро дар ҳамон айём дар ҷараён будааст, ҳикоя мекунад.

Дар робита ба ин С. Ҷонбобоев гуфт, ки дар филм маълумоти илмиро ба таври образнок истифода бурдаанд. Дар филм, ки ба зиндагиномаи Ибни Сино бахшида шудааст, ба тарзи дармони вабо ишора мешавад. Ибни Сино дар филм тавсияҳое медиҳад, ки шабоҳати зиёде ба тавсияҳои имрӯзӣ барои пешгирӣ ва густариши коронавирус доранд.

«Имрӯзҳо тавсияҳои додаи ибни Синоро тамоми дунё эътироф кардааст. Бубинед, баъди ҳазор сол ҳам он тавсияҳое, ки падари тибби муосир дода буд, моҳияти хешро гум накардаанд. Аз ҷумла, дар филми мазкур барои бастани масҷидҳо ва маконҳои динии ин шаҳр, ки ба гуфти ӯ, ин беморӣ аз роҳи ҳаво ва аз тариқи шахс ба шахс интиқол меёфтааст, даъват ба амал оварда мешавад. Имрӯзҳо вобаста ба вазъияти бавуҷудомада доир ба паҳншавии бемории сироятии коронавирус кишварҳои Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки намозгузориро дар масҷидҳо манъ кардаанд. Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ чунин тадбирро амалӣ кардаанд. Чаро мо аз мерос ва тавсияҳои гузаштагон истифода накунем? Дар чунин вазъият намозро дар хонаҳо гузоштан беҳтар аст. Зеро ҳама ҷо хонаи ишқ аст, чӣ масҷид чӣ куништ, гуфтаанд. Намоз ин суҳбати инсон бо Худо аст. Аз ин рӯ он бояд дар танҳоӣ бошад»,-илова намуд ҳамсуҳбат.

Мушоҳидаҳо баръало нишон медиҳанд, ки пайдоиши бисёр усулҳое, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои пешгирии коронавирус истифода мекунанд, аз замони Сомониён сарчашма мегирад. Мутаассифона, ҳамаи осори Синои бузург то замони мо нарасидааст. Душманон осори зиёди гаронарзиши ӯро бо роҳи сӯзонидан аз байн бурданд.

Осори Абӯалӣ ибни Сино ниҳоят зиёд ва баландарзишанд. Аз рӯйи тадқиқ ва ҳисоби донишманд Саид Нафисӣ, миқдори асарҳои ӯ ба 456 адад мерасад. Имрӯзҳо 162 асари Абӯалӣ ибни Сино дар китобхонаҳои гуногуни олам нигоҳ дошта мешаванд, ки аз ин 23 асари вай бо забони тоҷикӣ эҷод шудаанд.

Китобҳои Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино аз рисолаҳои мухтасар то асарҳои чандинҷилда иборат мебошанд. Асари «Китобулинсоф» дар 20 ҷилд, «Алҳосил-вал-маҳсул» дар 20 ҷилд, «Китобушшифо» дар 18 ҷилд, «Лисонулараб» дар 10 ҷилд, «Ал-қонун» дар 5 китоб ва «Наҷот» дар 3 ҷилд навишта шудаанд, ки мутаассифона, на ҳамаи онҳо то ба замони мо омада расидаанд. Осори ин олими шинохта дар инкишоф ва такомули илми тиб нақши сазовор гузошта, дорои арзишҳои бузурги таърихӣ, маданӣ ва илмӣ мебошад.

Коршиносон асарҳои Шайхурраис Абӯалӣ ибни Синоро ба 4 гурӯҳ тақсим кардаанд:

асарҳои доир ба ҳикмат, фалсафа, ахлоқ ва мантиқ:
асарҳо оид ба тиб:
асарҳо доир ба илмҳои дақиқ:
асарҳо роҷеъ ба забону адабиёт ва санъат.
Абӯалӣ ибни Сино муаллифи зиёда аз 60 рисолаи илмӣ дар соҳаи тиб мебошад, ки бузургтарин асари ӯ «Ал-қонун» аз 5 қисм иборат буда, давоми ҳашт аср китоби рӯйимизии табибони дунё ба шумор мерафт. Ин асари безавол 30 маротиба ба забони лотинӣ ва дигар забонҳои дунё тарҷума шудааст.

«Ал-қонун» китобе шуд, ки барои Абӯалӣ ибни Сино шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Аз асри XII то XYII пизишкони оянда дар Шарқ ва Ғарб алифбои саводи тиббии худро аз «Ал-қонун»-и ибни Сино мегирифтанд.

Абӯалӣ ибни Сино дар ин асари машҳури худ он нуктаро меомӯзад, ки саломатии инсонро чӣ гуна бояд ҳифз ва бемориҳоро табобат кард.

Дар китоби аввали «Ал-қонун» Шайхурраис маълумоти умумиро дар бораи анатомия ва сабаби бемориҳо меорад. Бахши ҷудогонае дар ин китоб ба набз ихтисос дода шуда, ба мафҳуму муҳимияти он дар организми инсон Абӯалӣ ибни Сино борҳо рӯ овардааст.

Дар китоби дуюми «Ал-қонун»-и худ Абӯалӣ ибни Сино доруҳои хеле одиеро номнавис карда, аз ҷумла 785 воситаи дорувории растанигӣ, ҳайвонӣ ва минералиро ёдовар мешавад, ки бисёре аз ин доруҳо барои олимони асри бостон маълум набуданд.

Дар китоби сеюми «Ал-қонун» муаллиф дар бораи бемориҳои ҷудогона ва шеваҳои табобати онҳо муфассал нақл кардааст.

Абӯалӣ ибни Сино дар китоби чоруми «Ал-қонун» касалиҳои умумии бадан, табобати табларзаҳои мухталиф, масъалаҳои гуногуни ҷарроҳиро ба риштаи таҳлили илмӣ кашидааст. Ҳамин тавр китоби панҷуми мазкур аз номгӯи доруҳои мураккаби гуногун ҳикоят мекунад.

Дар ин асари худ Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино фарзияеро дар миён гузошт, ки касалиҳо метавонанд аз тариқи кадом як махлуқоти хурдтарин ба вуҷуд оянд. Онҳо обро ифлос мекунанд ва бемориҳоро паҳн мекунанд. Абӯалӣ ибни Сино аз аввалин табибони ҷаҳоние буд, ки ба сироятӣ будани нағзак таваҷҷуҳ кард, фарқият миёни вабо ва тоунро муайян кард, дар бораи махав маълумот дод ва онро аз касалиҳои дигар ҷудо кард, як қатор бемориҳои дигарро омӯхт.

Донишманди маъруф Абӯалӣ ибни Сино дар китоби «Ал-қонун»-и хеш сабабҳои пайдоиш, пешгирӣ ва табобати бемориҳои зиёдеро хуб тасвир намудааст. Ў нишон додааст, ки аз 2600 маводи доруворӣ 1400 -тояш аз растаниҳо тайёр карда мешаванд.

Абӯалӣ ибни Сино фикру андешаи худро оид ба ҳарорати баланд иброз доштааст, ки аломати мазкур дар тибби илмию амалӣ то ҳол муҳиму бебаҳо мебошад.

Ӯ дар бахши бемориҳои дарунӣ даҳҳо усулҳои ташхисиву табобатӣ пешниҳод намуда, аз ҷумла муаллифи нахустини садои дар натиҷаи ангушт ба ангушт кӯфта, вазъи узвҳои ковокии шикам ё қафаси синаро муайянкунанда мебошад. Бузургии Абӯалӣ ибни Сино дар маънидод намудани даҳ аломати тағйиротии набзи бемор ва 37 аломати пешоб ҳувайдо буда, то имрӯз на ягон дастгоҳи муосир ва на ягон табиб аз 17 сифати пешоб зиёд нагуфтааст.

Ӯ ба пуррагӣ ташхис ва табобати диабети қандро чунин ба қалам додааст: «Пешоби онҳо шаффоф, вазнин ва бисёр буда, такшони он тамъи ширин, ба монанди асал дорад».

Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи ҷарроҳӣ низ дастовардҳои зиёд дорад. Ба гуфти ӯ, Буқрот ҳангоми ба ковокии шикам пош хӯрдани дохилаи обдор (эхинококкоз) усули бо истифода аз оҳани тафсон сӯрох намудани девораи шикам ва сӯзонидани омоси ҷигарро пешниҳод менамояд.

Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино ёздаҳ намуди омос ва захми меъдаву рӯдаро ёдовар шуда, сабабҳои хунравӣ аз сурхрӯдаю меъдаро маълум менамояд. Зиёда аз ин, дар табобати хунравӣ аз варидҳои сурхрӯдаю меъда, ки дар заминаи сиррози ҷигар рӯй медиҳанд, дорувории мураккаб, аз қабили омехтаи донаи гул, хокаи мӯҳр, гули анор, каме кӯкнор, шираи қоқуи хушкида бо сабуси дуруштро пешниҳод менамояд.

Ташхиси тафриқавии хунтуфкунии беморро, ки Абуалӣ ибни Сино навиштааст, метавон умрбод бе ягон илова ҳамчун дастур истифода бурд.

Ибни Сино дар ғарб бо номи Авитсена маъруф аст. Олим В.А.Покровский зикр менамояд, ки Абӯалӣ ибни Сино дар китоби худ «Қонуни тиб» доир ба масъалаҳои тозагӣ диққати махсус зоҳир намудааст. Ў гузариши баъзе бемориҳоро ба воситаи ҳаво ва об қайд менамояд ва аз ин рӯ дастур медиҳад, ки пеш аз истеъмол обро бояд аввал ҷӯшонид.

Дар китоби мазкур доир ба сифати об боби махсус ҷудо карда шудааст, ки нақши обро дар организми инсон нишон додааст. Об на танҳо такмилдиҳандаи маводи ғизоӣ, балки мулоимкунанда ва мусоидаткунанда дар рагҳо мебошад. Бе ин кумак ҷараёни ғизогирӣ номумкин аст.

Абӯалӣ ибни Сино аз зумраи он нобиғаҳоест, ки осори ӯ ҳанӯз дар овони ҷавонияш донишмандони маъруфи Шарқ ва Ғарбро дар ҳайрат оварда буд.

Ҳарчанд осори ӯ аз тарафи олимон борҳо мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифтааст, вале ҳоло ҳам асрори зиёди корҳо нокушода мондаанд. Олимони тоҷик дар баробари дигарон пайваста барои дар амалияи тиббӣ татбиқ намудани нишондиҳандаҳои донишманд корҳо мебаранд ва замонавӣ будани онҳоро исбот менамоянд.

Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба таҳқиқоти осори пурарзиши ин нобиға машғул аст. То имрӯз олимони марказ 7 ҷилди осори илмиву табиатшиносӣ ва фалсафии ин мутафаккири бузургро рӯи чоп оварда, 4 ҷилд осори тиббӣ- «Ал-қонун»-и ӯро аз арабӣ ба тоҷикию русӣ баргардон ва нашр кардаанд.

___________________________________________________

*Карантин (франсавӣ. quarantaine, италиявӣ. quarantena — чил рӯз) — маҷмӯи чораҳои маҳдудкунанда ва реҷавии зидди эпидемия мебошад, ки маҳдуд кардани тамоси шахси сироятшуда ё гурӯҳи шахсони сироятшуда, ҳайвон, бор, мол, воситаҳои нақлиёт, нуқтаи аҳолинишин, ҳудудҳо, минтақаҳо ва ғайраҳоро ифода мекунад. Дар ибтидо, калимаи «карантин» маънои «вақт, иборат аз чил рӯз» дошт (италия: quaranta giorni – «чил рӯз»).

Он бори аввал дар асри XIV дар Венетсия барои ба таъхир андохтани киштиҳо аз дигар кишварҳо дар бандар истифода шудааст. Маҳз дар ҳамин муддат ҳамаи киштиҳо то бор кардан бояд якчанд масофа аз соҳил дур меистоданд. Ва танҳо дар охири асри XVIII маънои дуюми ин калима — «хонае, ки дар он нафарони аз ҷойҳои хатарнок омада нигоҳ дошта мешаванд», пайдо шуд.

Бештари вақт карантин ҳангоми бемориҳои сироятӣ, хусусан тоун, нағзаки сиёҳ ва вабо чил рӯз давом мекард.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво