27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

СММ зидди паҳнкунии ахбори бардурӯғ дар бораи коронавирус маърака оғоз мекунад

269
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гуттериш оғози маъракаи иттилоотиро алайҳи «пандемияи ахбори дурӯғин» эълон намуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ин гуфтаҳо дар сомонаи расмии созмони мазкур нашр шудаанд.

«Дар ҳоле, ки тамоми дунё бо пандемияи ҳалокатовари COVID-19, буҳрони душвортарин пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ шуда, бо он дар набард аст, мо ҳамчунин эпидемияи дигар- эпидемияи маълумоти таҳрифкунандаро мушоҳида мекунем»,-гуфта мешавад дар изҳорот.

Ба қавли Антонио Гутерриш, дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста маслиҳатҳои барои саломатӣ зиёновар паҳн шуда, фазои иттилоотӣ лабрези ахбори дурӯғин гаштааст. «Ҷаҳон бояд дар муқобили ин беморӣ муттаҳид бошад»,- зикр намуд дабири кулл.

«Имрӯз ман ташаббуси нави Созмони Милали Муттаҳидро оид ба вокуниш ба маълумот эълон менамоям, то интернетро бо далелҳои илмӣ пур намоем ва бо ҳамин ба даҳшати афзудаистодаи ахбори дурӯғин, заҳре, ки ҳаёти одамонро бештар зери хатар мегузорад, муқовимат намоем»,-иброз дошт Антониу Гутерриш.

Ӯ ҳамчунин ба рӯзноманигорон ва ашхоси дигаре, ки далелҳоро таҳқиқ мекунанд, баҳои мусбат дод.

ДАР АКС: Антониу Гутерриш. Акси Синхуа




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво