11 апрел 2020, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

ШОҲҶОИЗА – МОШИНИ САБУКРАВ! Пагоҳ дар Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт-2020» баргузор мешавад

26
Пагоҳ дар Муасиссаи давлатии Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили ҷашни ниёгон-Наврӯзи хуҷастапай бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ барои дарёфти ҷоми «Пойтахт — 2020» баргузор мешавад. Мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ пагоҳ соати 09:00 оғоз мегардад. Паҳлавонҳои беҳтаринро туҳфаҳои арзишманд ва ғолиби вазни мутлақро Шоҳҷоиза – мошини сабукрав интизор аст.

Тавре шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад, дар ин мусобиқа ширкати беҳтарин паҳлавонони мамлакат аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз 24 марти соли 2019 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муасиссаи давлатии Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар ҳаводорону мухлисони ин навъи варзиш ва бо намоиши беҳтарин рақобатҳо миёни паҳлавонони маъруфи мамлакат Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини миллӣ барои дарёфти «Ҷоми пойтахт – 2019» баргузор гардида буд.

Дар чемпионат зиёда аз 180 нафар варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳо ширкат варзида, дар охир ғолибон бо диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Мусобиқаи мазкур 23-24 марти соли 2019 сурат гирифта, пас аз талошу рақобатҳои дурӯза дар вазни 80 кг мақоми аввал насиби Садр Боев, мақоми дуюм насиби Эраҷ Абдуллоев ва мақоми сеюм насиби Ҳақназар Назаров гардид. Дар вазни 90 кг ҷои аввалро Эмомалӣ Камолов, ҷои дуюмро Меҳрубон Идрисов ва мақоми сеюмро Бежан Боқиев соҳиб шуданд. Дар вазни 100 кг Саидҷалол Саидов ба гирифтани ҷойи аввал, Фирдавс Насимов — ҷойи дуюм ва Шарифҷон Назриев ба гирифтани ҷойи сеюм шарафёб шуданд.

Ҳамин тариқ, дар вазни +100 кг рақобатҳои ҷолибу диданӣ доир шуда, мақоми аввалро Одил Сафаров, мақоми дуюмро Абубакр Раҳмонов ва мақоми сеюмро Шоҳрух Амирхонов соҳиб шуданд. Барои ғолиби мутлақи чемпионати мазкур мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Шоҳҷоиза – мошини сабукрави «Мерседес-бенс» ҷудо карда буд, ки онро варзишгари маъруфи мамлакат Саидҷалол Саидов соҳиб гардид. Дар вазни мутлақ Фирдавс Насимов сазвори ҷойи дуюм гардида, ҷойи сеюм насиби Шарифҷон Назриев гардид.



Лутфан барои пешгирии касалиҳои сироятӣ гигиенаи шахсиро риоя намоед.



Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво