26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар соҳили «Баҳри Тоҷик» маҷмааи нави истироҳатию сайёҳӣ сохта мешавад

711
Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд маҷмааи нави истироҳатию сайёҳӣ ба истифода дода мешавад.

Тавре маркази матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ дод, маҷмааи истироҳатию сайёҳӣ дар мавзеи хушбоду ҳавои соҳили «Баҳри Тоҷик» бо назардошти талабот ба ҷойҳои нави истироҳату табобат сохта мешавад. Маҷмааи истироҳатӣ аз панҷ ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

Дар ҳудуди маҷмаа барои фароғати истироҳаткунандагон ҳавзи шиноварӣ ва дигар шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Айни замон дар ин митақаи сохтмонӣ садҳо нафар ба корҳои бунёдӣ ҷалб гардидаанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар саҳни истироҳатгоҳ ниҳолҳои ороишӣ ва мевадиҳанда шинонид.

Ба истифода додани ин гуна иншоот дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои ҷалби бештари таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистони дорои табиати зебою имконоти зиёди туристӣ такони тоза бахшида, ҷиҳати муаррифии санъату тамаддуни пурғановати миллати мо ба хориҷиён имконоти васеъ фароҳам меоварад.

Зимнан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 августи соли 2019 дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз меҳмонхонаҳои атрофи «Баҳри Тоҷик» дидан намуданд. Сарвари давлат ба сохтмончиён барои иҷрои босифати корҳо ва истифодаи меъёрҳои меъморӣ, бо нақшу нигори миллӣ ва санъати волои бунёдкориҳо оро додани бино дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ба пешвози ҷашни бузурги умумимиллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд бунёди қариб 7000 иншооти дорои таъйиноти гуногун, аз ҷумла зиёда аз 40 меҳмонхона ба нақша гирифта шудааст.

Айни замон дар шаҳри Хуҷанд барои қабули сайёҳон 13 меҳмонхона бо имконияти қабули 680 нафар дар як вақт фаъолият доранд.

Барои сайёҳон 14 нуқтаи фурӯши маҳсулоти ороишӣ аз сангҳою металлҳои қиматбаҳо, туҳфаҳои хотиравӣ ва намунаи ҳунарҳои дастии ҳунармандон ташкил гардидаанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво