21 октябр 2019, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Имрӯз – Рӯзи Фалак. Он эҷодиёти этнографӣ ва жанрҳои гуногуни мусиқии касбиро фаро гирифтааст

8
Имрӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба ифтихори Рӯзи фалак таҳти унвони «Дил, биё як дам кунем ёд аз фалак» барномаи консертӣ баргузор мегардад.

Бояд гуфт, ки маҳфуми фалак ифодагари осмон, кайҳон, сипеҳру афлок, гардун, гардиши рӯзгор, сарнавишт ва амсоли инҳо мебошад. Аз ин лиҳоз, имрӯз жанри мусиқии фалак ҳамчун падидаи нодири ҳунарӣ дар фазои мамлакати соҳибистиқлоламон бо ҷилову садои дилнишин танинандоз гардидааст.

Аз соли 2004 инҷониб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар мамлакат 10 октябр Рӯзи Фалак ҷашн гирифта мешавад. Доир ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯзаи ДАВЛАТ бо коршиносони соҳа ҳамсуҳбат гардид, ки онро манзури хонандагон мегардонем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ин санъати мусиқӣ чунин иброз доштаанд: «Фалак ҳам аз нигоҳи ҳаҷм ва ҳам аз нигоҳи арзишу қимати бадеӣ аз ҷумлаи беҳтарин мероси мусиқист, ки мо онро барҳақ мусиқии шаклан озод, таҷассуми рӯҳи озод ва орзуву омоли халқи тоҷик меномем».

Фалак мусиқии мардумӣ, фолклорӣ, эҷодиёти халқ буда, асосан дар намуди шифоҳӣ аз насл ба насл мерос мондааст. Ин мусиқии суннатии тоҷик, ки дар худ ҳам мусиқии этнографӣ ва ҳам жанрҳои гуногуни мусиқии касбиро, аз қабили Шашмақом ва Фалак фаро гирифтааст, таърихи хеле қадимӣ дорад.

Танҳо хусусиятҳои шеваҳои иҷрои маҳалҳои гуногун дар матни сурудҳои фалак зиёд ба назар мерасанд ва матнҳои сурудҳо вобаста ба хусусиятҳои фонотекии тарзи гӯиши гуногун таркиб ёфтаанд.

Бояд гуфт, ки солҳои 20 –уми садаи ХХ фалак дар ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар ҳамбастагӣ рушд менамуд. Аз ин рӯ, дар матн ва мусиқии он баъзе ҳамоҳангиҳо мушоҳида мешаванд.

Фалак дар Афғонистон бо номҳои чорбайтӣ, сангардӣ, кӯчабоғӣ, шамолӣ ва шимолӣ маълуму маъруф мебошад. Дар Эрон фалак бо номҳои «фарёд», «фироқӣ», «чорпорӣ», «каллафарёд» машҳур аст.

Аз ин тақсимоти фалак аз рӯи моҳият ва мавқеи иҷро маълум мешавад, ки агар фалак дар Эрон аз рӯи моҳияти аслӣ, хусусиятҳои фардӣ ва маҳаллу тарзи иҷро ба намудҳо ҷудо шавад, пас фалаки Тоҷикистон танҳо аз рӯи маҳалли иҷро табақабандӣ шудааст.

Тозатарин пажӯҳиш оид ба фалак дар даврони истиқлол асари илмии доктори илмҳои мусиқишиносӣ Фароғат Азизӣ («Маком и фалак как явление профессионального традиционного музыкального творчества таджиков», Душанбе 2009) мебошад. Ф. Азизӣ чун олими нуктасанҷ асари якканигошти худро ба ду зуҳуроти бузурги мусиқии суннатӣ: мақом ва фалак бахшидааст. Асари мазкур пажӯҳиши хеле васеъро дар боби муносибат ва мақому манзалати Фалаку Шашмақом дар бар мегирад.

«Инсоният дар ҳолати оҷизӣ маҷбур мешавад, ки гиреҳҳои зиндагии пурандӯҳи худро кушояд ва онро чун алам аз дили худ берун намуда, сӯи Фалак – яъне ба Худо муроҷиат намояд. Ҳамин гуна вазъи носозгори қисмат сабаби ба вуҷуд омадани рубоиҳои нав мегардад», — зикр намуд Ф. Азизӣ.

Айни ҳол бисёр ҳунармандон кӯшиш доранд, ки ба оҳанги фалак, ба ҷои рубоиёти халқӣ матнҳо аз ғазалу рубоиҳои шоирони классик ворид намоянд. Ин анъана метавонад ба он оварда расонад, ки дар оянда фалак мукаммалтар ва касбитар гардад. Ҳамзамон дар фалаки имрӯза вобаста ба давру замон дигар оҳангу шеваи пурдарду нола ба гӯш намерасад.

Хусусиятҳои шеваҳои иҷрои маҳалҳои гуногун дар матни сурудҳои фалак зиёд ба назар мерасанд ва онҳо вобаста ба хусусиятҳои фонотекии тарзи гӯиши гуногун таркиб ёфтаанд.

Ф.Азизӣ ҳамчунин дар эҷодиёти даҳонакии халқҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон хусусиятҳои фалакро ошкор месозад. Ӯ ҳатто ин хусусиятҳоро дар эҷодиёти мардуми курд пайдо намудааст.

Композитори зиндаёд Талабхуҷа Сатторов решаҳои фалак ва пайдоиши онро аз анъанаҳои аҷдодии қадимаи мо, аз замони Зардушт ва ватани онро Осиёи Миёна медонад. Номбурда наътро ҳам яке аз равияҳои фалак номида, тарзҳои иҷрои онро дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои форсизабон ҳамчун намуди ташаккулёфтаи ин жанри суннатӣ меҳисобад. Баъзе хусусиятҳои фалакро Т. Сатторов дар тасаввуф ва ҷараёнҳои он ҷустуҷӯ менамояд. Ба андешаи ӯ, дар байни фалак ва яке аз суннатҳои тасаввуф — самоъ умумият вуҷуд дорад.

Намуди дигари фалакро муҳаққиқ Тоҷигул Исроилова дар мақолаи худ «Нақши занон дар рушди анъаноти фалак» ба риштаи пажӯҳиш кашидааст. Ӯ кӯшидааст, ки мақоми занонро дар рушду такомули фалак нишон дода, дар навбати худ фалаки занонаро аз фалаки мардона аз ҷиҳати мавзӯъ ҷудо намояд: «Агар дар фалаки мардҳо бештар мавзӯи фалсафию ишқӣ, сӯзу гудози ошиқи ноком, ҷудоӣ, ғарибӣ ба назар расад, дар фалаки занона зиндагии вазнин, сахтию нокомии онҳо, эътироз аз замона, орзуи бахти фарзандон таҷассум ёфтаанд».

Ҳунарманди шинохта Давлатманди Хол намуди дигари фалак – фалаки бунгакро, ки дар ҳолати лабҳои пӯшида сароида мешавад, нишон додааст. Ин намуди фалак ба андешаи овозхони маъруф, бениҳоят аламнок ва бо сӯзу гудоз иҷро карда мешавад. Ҳамчунин ӯ меафзояд, ки «фалаки бунгакӣ яке аз нахустин ифодаи ин жанр аст, яъне шакли қадимтарини фалак аст ва дар пайдоишу ташаккули дигар намудҳои фалак нақши муассир дорад. Ин намуди фалак ба тариқи димоғ иҷро мешавад. Гоҳо онро «фалаки димоғӣ» низ мегӯянд».



Тавре ки Д. Холов иброз медорад: «Усулан фалак яктост. Он тақсимнашаванда аст ва рукнҳои фалак дар мусиқии мардуми олам мушоҳида мешаванд. Дар кӯҳистони тоҷик рукнҳои зиёди онро ба монанди фалаки даштӣ, фалаки кӯҳӣ, фалаки роғӣ, фалаки шод, фалаки шикаста, фалаки сарбаста, фалаки паррон, фалаки омехта, фалаки яклухт, фалаки якпардагӣ ном мегиранд. Барои адворбандӣ ё нотабандии фалак ишороти маъмулии нотаҳои ғарбӣ тангӣ мекунанд».

Ин ҳунарманди фалаксаро меафзояд, ки 18 ишораи рамзии фалакро кашф кардааст, ки ин ишорот бояд аз тарафи Қонуни байналмилалии мусиқашиносон қабул гарданд.

Оҳангсози маъруф Хайрулло Абдуллоев дар мақолаи худ «Андешаҳо оид ба фалак» доир ба истилоҳҳои фалак навиштааст: «Солҳои охир фалаки озодро «фалаки даштӣ» меноманд, ки ба фикри ман нодуруст аст. Истилоҳи «даштӣ» дар мусиқии Эрон истифода мешавад. Шояд дар Эрон ин калима мувофиқат кунад, вале дар Тоҷикистони мо, ки саросар кӯҳсор аст, чунин истилоҳ мувофиқат намекунад. Ба ҷои «даштӣ» калимаи «озод» ва ё «шаҳдӣ» истифода шавад, шояд дурустар аст».

Ҳунарманди дигар Дона Баҳром дар мақолаи худ «Фалак» — «фалакӣ» ном намуди дигарро ном гирифта, хусусияти фарқкунандаи онро дар он мебинад, ки «он як навъ мақомест, ки аз лаҳни хусравонӣ то ба сурудаҳои қадимаи бадахшонӣ ва суғдию хоразмиро фарогир аст».

Дар китоби мутриби шинохта Қурбони Қурбониён «Фалак ва системаи лаҳнии он» муаллиф роҷеъ ба номгузории пардаҳои фалак маълумот дода, оид ба нақши дутор, думбра ва зинабандии онҳо дар рушди анъаноти иҷрои фалак ва системаи лаҳнӣ ибрози андеша намудааст. Аз назари Қурбониён, номгӯи лаҳнҳо чунинанд: фироқ, нола, ҳиҷрон, фарёд, фиғон, роз ва чарх.

Бояд тазаккур дод, ки дар масъалаи тартиб додани истилоҳот ҳар кас назари худро баён месозад. Лек ин ақидаҳо аксаран бо ягон санад ва далел тасдиқи худро наёфтаанд ва ин мавзӯи баҳсталаб аст. Аз ҷониби дигар, ин нишонаи рушд ва ба зинаи нави тараққиёт расидани ин ҳунари мардумӣ, ҳамчун инъикосгари ҳаёти иҷтимоиву сиёсии ҷомеа мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 20 июли соли 1989 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо роҳбарии Давлатманд Холов ансамбли «Фалак» таъсис ёфт. 16 ноябри соли 2001 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ансамбли «Фалак» мақоми давлатӣ дода шуд ва ҳоло он дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукмати ҷумҳурӣ фаъолият дорад.

Ҳамчунин соли 2015 номинатсияи мусиқии суннатии тоҷикон- «Фалак» ба Ҷоизаи байналмиллалии «GLOBAL RATING NOMI-NATION»-и Институти рейтинги байналмиллалӣ- «INTER-NATIONAL RATING SISTEM» — ЮНЕСКО мушарраф гардидааст.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво