Нашри дуюми китоби «Роғун-ахтари тобони Тоҷикистон» ба дасти хонандагон расид
520
Дар арафаи ба кор андохтани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» нашри дуюми китоби «Роғун-ахтари тобони Тоҷикистон» бо тағйиру иловаҳо аз ҷониби раиси Кумитаи ҷумҳуриявии итттифоқи касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Аслиддин Назарзода манзури хонандагон гардид.
Ин китоб давоми мантиқии рисолаи аввал ба шумор рафта, дар он дар бораи НБО «Роғун», таърихи мухтасари бунёди он, аҳамияти ин иншооти бузург барои имрӯзу ояндаи Тоҷикистон, пешрафти иқтисодии мамлакат ва манфиати он барои тамоми минтақа ҳам бобати бо барқ таъмин намудан ва ҳам кушодани заминҳои наву танзими низоми об сухан меравад. Муаллиф дар китоб дар бораи аҳамияти неругоҳ маълумоти дақиқ ҷамъ овардааст. Дар охири китоб феҳристи муҳимтарин санаҳои муҳими бунёди ин Кохи нур ва сафарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун ҷой дода шудаанд. Муаллиф ният дорад, ки давра ба давра таърихномаи Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро аз ҷиҳати техникӣ ва иқтисодӣ таҳия намояд. Рисолаи «Роғун-ахтари тобони Тоҷикистон», нашри 2 барои омӯзиш дар ташкилотҳои иттифоқи касаба, муассисаҳои таълимӣ, корхонаву идораҳо ва оммаи васеи хонандагон тавсия гашта, ройгон тақсим мешавад.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |