26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе шумораи нахустини маҷаллаи илмии «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

514
Дар Душанбе нахустин шумораи маҷаллаи илмии «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад.
Баяд зикр намуд, ки «Осиё ва Аврупо» нашрияи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Тоҷикистон мебошад.
Дар бахши омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америкаи маыалла мақола ва тақриз хабарҳо ба табъ мерасанд.
Маҷаллаи мазкур аз 160 саҳифа иборат буда, дар он мақолаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷой дода шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст.
Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америко машғул мебошад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво