16 июл 2019, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Бардошт аз Паёми Пешвои миллат

544
Дар Қасри фарҳанги шаҳри Ваҳдат оид ба Паёми солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки 20 январи соли равон ироа гардид, бо иштироки раиси шаҳр Амирзода Раҳмоналӣ Амир, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, фаъолону ҷавонон ва собиқадорон ҷамъомад баргузор гардид. Амирзода Раҳмоналӣ Амир Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро шарҳ дод ва барои дар амал татбиқ кардану ба мардум фаҳмонидани он роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрро вазифадор намуд. Раиси шаҳр доир ба дастовардҳои шаҳр ҳарф зада, хотиррасон кард, ки дар соли 2015 дар шаҳри Ваҳдат 3 бинои мактаб, як хобгоҳ барои омӯзгорон, 2 кӯдакистон ба истифода дода шуд, 8 корхонаи истеҳсолӣ бо зиёда аз 4000 ҷойи кор мавриди истифода қарор ёфт ва бори нахуст шоҳроҳи дутарафаи Ваҳдат- Файзобод кушода шуд, зиёда аз 1200 оила бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиду зиёда аз 1000 хоҷагии деҳқонӣ таъсис дода шуд.
Зикр шуд, ки дар соли 2016 бахшида ба 25-солагии истиқлолияти давлатӣ 20 иншоот, аз ҷумла варзишгоҳ барои 25 ҳазор ҷойи нишаст, Боғи фарҳангиву фароғатӣ дар маркази шаҳр, корхонаи коркарди металлҳои ранга, корхонаҳои афшурдаи помидор, истеҳсоли қубурҳои пластикӣ ва мебел, қаннодӣ ва 5 бинои мактаб дар ҳудуди шаҳр ба истифода дода мешаванд.
Дар ҷамъомад раиси шаҳр таъкид намуд, ки мушкилоти асосии ватанамон ин ба гурӯҳҳои террористӣ шомил шудани ҷавонон мебошад ва моро зарур аст, ки ҳарчи зудтар бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ сари роҳи онҳоро гирем ва нагузорем, то фарзандонамон ба доми фиреби душманони ватан афтанд.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво