25 июн 2019, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Дар Рашт хатсайрҳои нави сайёҳӣ таҳия гардиданд

27
8 июни соли равон бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ноҳияи Рашт дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, ки омили зиёд шудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии мамлакат гардидааст, Конфронси минтақавии сайёҳӣ дар мавзӯи «Ваҳдату субот — заминаи устувори рушди сайёҳӣ» баргузор гардид.

Ҳамоиши мазкур ба рӯзи Ваҳдати миллӣ «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бахшида шуда, инчунин бо мақсади татбиқи босамари «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» роҳандозӣ гардид.

Дар ҷамъомад роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, муовинони раисони ноҳияҳои водии Рашт, мақомоти дахлдор, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ, соҳибкорон ва сокинони фаъоли минтақа иштирок намуданд.

Зимни ҳамоиш зикр гардид, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати комил дар ҷумҳурӣ дар натиҷаи талошҳои созанда ва пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии мамлакат зиёд шуда, симои кишвар ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ боз ҳам устувор гардид ва тибқи маълумоти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар шабакаҳои хабарии ҷаҳонӣ мавқеи намоёнро касб менамояд.

Таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон имкон фароҳам овард.

Ноҳияи Рашт дорои имкониятҳои зиёди рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ буда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо мақоми ваколатдор ва сохторҳои марбута пайваста дар талоши он аст, ки аз захираву имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намояд.

Дар ҳамоиш муовинони раисони ноҳияҳои водии Рашт ҳамчун сарпарастони соҳа доир ба рушд ва монеаҳои ҷойдошта дар соҳаи сайёҳӣ андешаҳои худро баён доштанд.

Бояд гуфт, ки ноҳияи Рашт дорои захираҳои бойи рушди сайёҳӣ, хусусан сайёҳии экологӣ буда, дар ноҳия мавзеъҳои нодир хеле зиёданд. Дараҳои хушманзараи Камароб, Тагоба, Ясман, Ҳоит ва даҳҳо дигар манзараҳои дилфиребу шаршара табъи бинандаро болида мегардонанд.

Қобили тазаккур аст, ки ҳудуди мамнуъгоҳи дараи Камароб 10 ҳазору 500 гектарро ташкил дода, фаъолияти он аз парвариши гулмоҳӣ, хирси мала ва бузи кӯҳи иборат мебошад. Парваришгоҳ дорои зиёда аз 23 намуди паранда ва 350 номгӯи гиёҳҳои шифобахш мебошад.

Дар ҳудуди деҳоти Тагоба дараи хушманзараи Хоҷашамсиддин воқеъ аст, ки дорои шумораи зиёди ҳайвоноту парандагон буда, беҳтарин макон барои шикор аст. Инҷо барои сайёҳон бошишгоҳи замонавӣ сохта шудааст. Дараҳои Ясман, Назарайлоқ ва Шавр низ ҷойҳои тамошобоб ва шикоргоҳи мувофиқанд.

Рушди сайёҳиро бе рушди ҳунарҳои мардумӣ тасаввур кардан ғайриимкон мебошад. Бо эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» устоҳои гулдаст ва бонувони чирадасти минтақа пайваста дар талоши эҳё ва равнақ додани ҳунарҳои мардумӣ мебошанд.

Кадбонуҳои раштӣ дар санъати нонпазӣ ҳам хеле машҳуранд. Ҳаҷми гирдача ва фатиру чапотиҳои калони ин диёр таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ҷалб месозад.

Ҳунармандони минтақа дар ҳама давру замон бо эъҷоди худ маъруфу машҳур буданд. Дар ин диёри кӯҳсор гулдӯзӣ, оҳангарӣ, табақтарошӣ дуредгарӣ ва дигар ҳунарҳои хоси миллати тоҷик шуҳрат пайдо намуда, дар баробари таъмини бозори дохилӣ, ҳунармандон маҳсулоти худро ба сайёҳон манзур менамоянд.

Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва дастгириҳои пайвастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳияи Рашт рӯ ба пешравӣ оварда, ин гӯшаи мамлакат ба як макони ободу зебо табдил ёфтааст.

Ба истифода додани шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – сарҳади Қирғизистон ба рушди сайёҳӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Дар шафати роҳи номбурда аз тарафи соҳибкорон чойхонаю тарабхона, марказҳои савдо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва таъмири востаҳои нақлиёт сохта шудааст.

Айни ҳол дар ноҳия 3 меҳмонхонаи замонавии «Соҳили сурхоб», «Шоми Рашт» ва ҷамъияти матлубот мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд. Меҳмонхонаҳои мазкур ба тамоми талаботи замон ҷавобгӯ буда, метавонанд ба 150 нафар меҳмонон хизмат расонанд.

Дар хотима атрофи мавзӯъҳои матраҳгашта миёни иштирокчиён табодули андеша сурат гирифт.

Ҳамчунин масъулини соҳа якҷо бо роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ аз маконҳои тамошобоби водии Рашт дидан карда, хатсайрҳои нави сайёҳӣ таҳия намуданд, ки пешниҳоди дӯстдорони сайру саёҳат гардонида мешаванд.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво