26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Иди асал таҷлил гардид

518
Субҳи имрӯз дар Маҷмааи савдои «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе ба ифтихори 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки беҳтарин занбӯрпарварони ҷумҳурӣ Иди асал бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар он занбӯрпарварон аз тамоми гӯшаҳои мамлакат, хусусан аз вилояти Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумсҳурӣ ширкат варзида, беҳтарин намудҳои асалро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Зарангези Латиф хабар медиҳад, зимни намоишгоҳ занбӯрҳои асали зинда, гиёҳҳои шифобахш, шириниҳои аз асал омодагардида, асбобу лавозимоти парвариш ва ба даст овардани ҳосили асал, инчунин ҳунарҳои дастии мардумӣ ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта шуд.

Дар намоишгоҳ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуда, доир ба рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ сухан гуфтанд.

Бояд гуфт, ки Иди мазкур бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир гардид.

Дар ин маъракаи идона барои интихоби асалпарвари беҳтарин озмун гузаронида шуда, ғолибони озмун бо сипоснома ва туҳфаҳои хотирмони Вазорати кишоварзӣ сарфароз гардиданд.

Зимни чорабинии мазкур меҳмонон ва сокинони пойтахт дар баробари хариди асал инчунин аз дидани барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ рӯҳу илҳоми тоза гирифтанд.

Зикр гардид, ки асал яке аз маҳсулоти табии ғизоӣ ва воситаи беҳтарини табобатиест, ки ҳазорсолаҳо инҷониб мавриди истифодаи башарият қарор гирифтааст. Ҳанӯз зиёда аз ҳазор сол пеш пири ҳакимони машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино дар китоби «Қонуни тиб» асал ё худ асалро дар қатори дигар маводҳои табобатӣ зикр намуда, чунин гуфта буд; «Беҳтарин ангубин он аст, ки ба ростӣ ширин ва хушбӯй бошад, ба тезию сурхӣ бигарояд, сахт буда, начандон тунуку часпак бошад, ки бурида нагиранд. Ангубин зудоянда буда, даҳони рагҳоро бикшояд, рутубатҳоро аз қаъри тан бикашад».

Асал ғизои хуштаъм буда, аз қадимулайём чун даво истифода мешавад. Дар аввал асалро барои муолиҷаи зиёда аз 100 номгӯи бемориҳои гуногун истифода мебурданд, ҳоло бошад олимону донишмандони соҳаи тиб асалро қариб барои табобати ҳамаи бемориҳо тавсия медиҳанд.

Пешрафти соҳаи тиб нишон дод, ки дар қатори асал прополис, шири модаршоҳ ва гарди заҳри занбӯри асал низ давои беҳтарин барои бемориҳои гуногун мебошад. Имрӯзҳо дар кишварҳои пешрафтаи олам бо усули занбӯршифоӣ, яъне бо роҳи занбӯргазонӣ табобат намудани беморон васеъ мавриди истифода аст.

Ҳакими бузург Чолинус дар ахбороти тиббии худ овардааст: «Ҳеҷ чиз беҳтар аз асал нест, дар нафъ аз бадан ва илоҷӣ аксари бемориҳову сириштани давоҳо».

Мувофиқи тадқиқотҳо, 70 %-и дарозумрони дунёро занбӯрпарварон ташкил медиҳанд. Истеъмоли асал ва маҳсулоти занбӯр боиси дарозумрии онҳо гардидааст.

Меъёри шабонарӯзии истеъмоли асал барои калонсолон 120-150 грамм, барои бачаҳо 30-50 грамм мебошад. Истеъмоли аз меъёр зиёди асал хосияти табобатӣ надошта, танҳо ба кас қувват мебахшад. Ба онҳое, ки нисбат ба асал ҳассосият (аллергия) доранд, бояд онро аз меъёр кам ва бо омехтаи меваю равғанҳо истеъмол намоянд. Қувватнокии асал бениҳоят баланд буда, 3150 килокалория аст. Асал хусусияти зиддибактериявӣ низ дорад.

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки асал бояд дар зарфҳои шишагӣ, чӯбӣ, сирдор ва сафолӣ нигоҳ дошта шавад. Инчунин зарфи асал бояд аз сабзавот, маҳсулоти нафтӣ, гиёҳҳои бӯйнок дуртар гузошта шавад. Зарфи асалдорро дар ҷои хушки барои пашша, мӯрча ва занбӯр дастнорас гузоштан лозим аст. Асалро дар равшании барқ, шуои офтоб, ба болои оташ гузоштан ва дар оби ҷӯшидаистода омехтан мумкин нест.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво