Ширкати ҷавонони Кумита дар марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ![]() ![]() Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 майи соли 2019, №25778 (26.7) ва аз 13 майи соли 2019, №26/10-22 вобаста ба иштироки кормандон дар чорабиниҳои марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ, ки бахшида ба таҷлили «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» санаи 19 майи соли 2019 баргузор гардид, фаъолона ширкат намуданд. Марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ тавассути кӯчаҳои Карамов-хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе баргузор гардиданд. ![]() Ёдовар мешавем, ки ин чорабинии ҷамъиятӣ-варзишӣ бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ баргузор мегардад. Ҳамасола роҳандозӣ шудани ин чорабинии оммавӣ-варзишӣ имкон медиҳад, ки аҳолии мамлакат ба таври дастаҷаъмона дар он иштирок намуда, барои ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар мамлакат саҳмгузор бошанд. Ин иқдом дар асоси Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи Дави миллӣ» ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар саросари кишвар баргузор мегардад. Мухбири «Рӯзномаи бинокорон»
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |