6 декабр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бунёди даҳҳо биноҳои баландошёнаи маъмурию истиқоматӣ симои пойтахти Тоҷикистонро куллан дигаргун месозад

691
Дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар соҳили дарёи Душанбе, аз буриши хиёбони Саъдии Шерозӣ то Маркази савдои «Ёвар» биноҳои муосири истиқомативу маъмурӣ бунёд мегарданд. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ҷамъияти кушодаи саҳомии «Шаҳрофар» дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар шаҳри Душанбе таҳия гардидааст.

Тавре аз Сарраёсати мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин лоиҳа дар давраи татбиқи марҳилаи аввали Нақшаи генералии шаҳри Душанбе амалӣ мегардад.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, ки то соли 2040 марҳила ба марҳила амалӣ мегардад, дар пойтахт, аз ҷумла, дар маркази шаҳр даҳҳо биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ, таълимӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ бунёд мегарданд.

Тибқи иттилои манбаъ, ин биноҳо дар раванди татбиқи марҳилаи аввал ва оғози марҳилаи дуюми Нақшаи генералии шаҳри Душанбе сохта мешаванд. Татбиқи марҳилаи аввал то соли 2025 ва дуюм то соли 2040 дар назар дошта шудааст.

Аз ҷумла, дар маҳаллаи «Ҳаёти нав» — и ноҳияи Синои пойтахт биноҳои аз 35 – 40 — ошёна боло бунёд карда мешаванд.

Дар ин мавзеъ бунёди даҳҳо биноҳои баландошёнаи маъмурию истиқоматӣ дар назар дошта шудааст. Аз ҷумла, Маркази хизматрасонии «Душанбесити», марказҳои муосири таълимӣ, савдо ва хизматрасонӣ, намоишгоҳҳо ва боғҳои фарҳангиву фароғатии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии шаҳрсозӣ бунёд карда мешаванд. Дар ин мавзеъ биноҳои аз ҳама баландтарин дар пойтахт бунёд хоҳанд гашт.

Алҳол дар шаҳри Душанбе тибқи Нақшаи генералии шаҳр ва ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ бомаром ҷараён дошта, симои пойтахти Тоҷикистон рӯз аз рӯз ба таври шинохтанашаванда тағйир меёбад.

Аз ҷумла, давоми ду сол бунёди зиёда аз 50 бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар масоҳати 42 гектар бо фарогирии марказҳои савдою хизматрасонӣ барои беш аз 25 ҳазор нафар аҳолӣ дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур симои пойтахтро ба куллӣ дигаргун месозад.

Бунёди даҳҳо биноҳои баландошёнаи маъмурию истиқоматӣ симои пойтахти Тоҷикистонро куллан дигаргун месозад


Тавре муовини сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Шодимурод Аловуддинов иброз дошт, Консепсияи меъморӣ ва шаҳрсозии кӯчаи Садриддин Айнӣ аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи Дӯстии халқҳо дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе таҳия гардида, аз 50 бинои дар ин мавзеъ сохташаванда 19 бинои баландошёнаи он дар ду шафати роҳи асосӣ бо риояи санъати баланди меъмории милливу муосир сохта мешаванд.

Бунёди даҳҳо биноҳои баландошёнаи маъмурию истиқоматӣ симои пойтахти Тоҷикистонро куллан дигаргун месозад


«Биноҳои истиқоматии сохташаванда на камтар аз 12-ошёна буда, дар назди онҳо бунёди инфрасохтори зарурӣ, ба монанди майдончаҳои бозии кӯдакон, мактабу боғчаҳои бачагона, дармонгоҳҳо, таваққуфгоҳ ва шабакаи обу корез ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин дар ҳамин кӯча бинои нави маъмурии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сохта мешавад. Тибқи дурнамо, сохтмони биноҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15, Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ва Коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова дар назар аст»,- афзуд Ш. Аловуддинов.

Дар ҷои пештараи маркази савдои «Олами китоб» -и ноҳияи Шоҳмансур марказҳои замонавии иборат аз 18 то 20-қабата бунёд мегарданд, ки сохтмони онҳоро ҶДММ «Шаҳри зебои мо» ба уҳда дорад. Дар қабати 1-2-юми ин биноҳо марказҳои савдою хизматрасонӣ ва дар қабатҳои болоии он ҳуҷраҳои истиқоматӣ бунёд мегарданд.

Дар ин мавзеи сохтмонӣ ҷиҳати васеъ намудани роҳҳо, чароғонкунии кӯча, биноҳои баландошёнаи истиқоматию маъмурӣ ва сабзазоркунии муҳити атроф низ тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.

Ш. Аловуддинов ҳамчунин иттилоъ дод, ки айни замон дар буриши кӯчаҳои Садриддин Айнӣ ва Аҳмади Дониши пойтахт сохтмони чор бинои 16-ошёна, ки аз лиҳози тарҳи меъморӣ дар шаҳр беназиранд, анҷом ёфтааст.

Бунёди даҳҳо биноҳои баландошёнаи маъмурию истиқоматӣ симои пойтахти Тоҷикистонро куллан дигаргун месозад


Хотирасон менамоем, ки 18 декабри соли 2018 дар Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум масъалаи васеъшавии ҳудуди пойтахт дар қисмати ҷанубу ғарбӣ аз ҳисоби ноҳияи Рӯдакӣ, ки он дар доираи татбиқи марҳилаи аввали Нақшаи генералии шаҳри Душанбе амалӣ мегардад, мавриди баррасии вакилон қарор гирифт. Тибқи иттилои масъулин, 7659 гектар аз ҳисоби ноҳияи Рӯдакӣ, аз ҷумла, ҷамоатҳои деҳоти Чоряккорон, Сарикиштӣ, Гулистон, Чортеппа, Чимтеппа, «Россия» ва ғайраҳо ба ҳудуди шаҳри Душанбе мегузаранд.

Бояд илова намуд, ки дар 7659 гектари ба ҳудуди пойтахт иловашуда шаҳракҳо (бо тамоми инфрасохтор, аз ҷумла, муассисаҳои таълимӣ, боғчаҳои бачагона, майдончаҳои истироҳатӣ, марказҳои хизматрасонию савдо, таваққуфгоҳҳо, беморхонаҳо, дармонгоҳҳо, шабакаи обу корез ва ғайра), минтақаҳои истеҳсолӣ (корхонаҳои саноатӣ), рекреатсионӣ (ҷой ва иншооти барои сайёҳӣ нигаронидашуда), ҳудудҳои муҳофизатӣ, аз ҷумла боғу ҷангалзор ва гулгаштҳо, ҳудудҳои махсус (биноҳои мутааллиқ ба сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ), обтаъминкунӣ, корезӣ ва ғайраҳо бунёд мегарданд. Қисмати зиёди заминҳои ба пойтахт ҳамроҳшуда ба ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рост меояд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво