26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Сарвазири Давлати Қатар

508
Дар шаҳри Давҳа вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Сарвазир – Вазири корҳои дохилии Давлати Қатар Шайх Абдуллоҳ бин Носир бин Халифа Оли Сонӣ баргузор шуд.

Ҷонибҳо аз сатҳи олии робитаҳои сиёсӣ, фаъолшавии ҳамкорӣ байни вазоратҳои соҳавии ду кишвар ва инчунин заминаи мустаҳками шартномавию ҳуқуқии муносибатҳо, ки барои густариши ҳамкории гуногунҷанба ва мутақобилан судманд фароҳам шудаанд, изҳори қаноатмандӣ карданд. Бо дарназардошти имкониятҳои молиявӣ ва сармоягузории Давлати Қатар ва иқтидори иқтисодии Тоҷикистон тавсеаи ҳамкорӣ дар арсаҳои энергетикӣ, нақлиётӣ, кишоварзӣ, саноатӣ, бонкдорӣ ва сайёҳӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Шукурҷон Зуҳуров ва Шайх Абдуллоҳ бин Носир бин Халифа Оли Сонӣ ҳамчунин атрофи таҳкими ҳамкорӣ дар самти мубориза алайҳи чолишҳои амнияти минтақавию байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи рушди устувор гуфтугӯи судманд анҷом доданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво