10 декабр 2019, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Мукофоти олӣ муборак!

241
Мукофоти олӣ муборак!
30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла кормандони соҳаи илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва коргарону бинокорон, соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ ва сарбозону афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои низомӣ, барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, таҳкими сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни халқҳо, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин дигар фаъолони касбу кори гуногун бо мукофотҳои давлатӣ қадршиносӣ гардиданд. 1 нафар бо Ордени “Дӯстӣ”, 10 нафар бо Ордени “Шараф” дараҷаи 2, 1 нафар бо Унвони фахрии “Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон”, 1 нафар бо Унвони фахрии “Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон”, 2 кас бо Унвони фахрии “Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон”, 18 нафар бо Унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, 64 нафар бо Медали “Хизмати шоиста”, 4 нафар бо “Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ карда шуданд.
Боиси ифтихор аст, ки дар қатори мукофотгирандагон муовини якуми Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуалимзода Абдукарим низ бо мукофоти олӣ- Медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардид.
Аҳли кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин хабар хушҳол гардида, Абдуалимзода Абдукаримро самимона табрик намуда, барояшон муваффақиятҳои баландтарро орзу менамоянд.

Абдуалимзода Абдукарим 1-уми сентябри соли 1955 дар ноҳияи Файзободи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1977 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-бинокор хатм кардааст. Собиқаи умумии кориаш 39 сол аст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1977 оғоз намудааст.
Солҳои 1977-1981 ба ҳайси устои Коллонаи сайёри механиконидашудаи № 19 трести «Деҳотсоз»-и ноҳияи Файзобод кор кардааст.
Солҳои 1981-1985 ҳамчун усто, прораби калон, сармуҳандиси Идораи сохтмонии №25 трести «Механиконидашудаи махсуси сохтмон»-и Вазорати сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа кардааст. Аз моҳи март то моҳи августи соли 1985 дар вазифаи муҳандиси пешбари раёсати истеҳсолии Вазорати сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуддааст. Солҳои 1985-1989 дар вазифаҳои прораби калон, сармуҳандис, сардори Идораи сохтмони №25 трести «Механиконидашудаи махсуси сохтмон»-и Вазорати сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Соли 1989 сардори идораи сохтмони махсускунонидашудаи №7 иттиҳодияи кооперативии «Хонасоз» таъин шуда, то соли 1993 дар ин вазифа кор кардааст. Солҳои 1993-1995 вазифаи муовини директори Корхонаи хурди маркази истеҳсолии «Электрон»-ро бар ӯҳда дошт. Солҳои 1995-2000 ба ҳайси сардори корхонаи хурди №7 Ҷамъияти саҳҳомии «Душанбесохтмон»-и Ширкати давлатии сохтмонии «Тоҷиксохтмон»-ро иҷро намуд. Аз соли 2000 то соли 2007 ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи сохтмони асосии хоҷагии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намуд. Солҳои 2007-2015 дар мансаби директори иҷроияи Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаҳои идомаи сохтмони мактабҳои миёна кор кардааст. Аз моҳи апрели соли 2015 то моҳи майи соли 2016 муваққатан озод буд.
Аз 31-уми майи соли 2016 бо Қарори Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №222 муовини якуми Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.







Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво