26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе боз як гулгашти нав бунёд мегардад

618
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Ҳофизи Шерозии пойтахт, дар назди Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» боз як гулгашти нав бо фаввораҳои муосир бунёд мегардад. Алҳол дар ин макон сохтмончиён корҳои асосии бунёдиро ба анҷом расонида, ба сафолакпӯш кардани роҳравҳо ва сабзазоркунии гулгашт машғул мебошанд.

«Мақсад дорем, то ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон навсозии фаввора ва бунёди ин гулгаштро ба анҷом расонида, онро ба сокинони пойтахт туҳфа намоем», — иброз дошт директори генералии «ИИ Нассоҷии тоҷик» Хушмаҳмад Ҷонмаҳмадов.

Ба иттилои Х. Ҷонмаҳмадов, ин гулгашт аз ҷониби «ИИ Нассоҷии тоҷик» сохта шуда, масоҳати фаввораҳо 2630 метри мураббаъ ва гулгашт 2048 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

«Тибқи супориши Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бунёди фаввораҳо ва гулгашт мо аз масолеҳи хушсифати сохтмонӣ истифода кардем. Дар бунёди он аз санги мармари ноҳияи Ванҷ ва гранити вилояти Суғд истифода бурдем. Акнун корҳои сабзазоркунӣ оғоз гардида, дар он гулу бутта ва дарахтони ороишӣ мешинонем. Ҳамзамон барои насби нишастгоҳҳо ва чароғон кардани ин мавзеъ омодагӣ гирифта истодаем»,- илова кард Х.Ҷонмаҳмадов.

Воқеан ҳам бо бунёди боз як макони фарҳангию фароғатӣ симои пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе боз ҳам зебову дилработар мегардад. Итминон дорем, ки он ба макони писандидаи сокинону меҳмонони пойтахт табдил меёбад!




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво