26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон гурӯҳи махсуси фаврӣ — ҷустуҷӯӣ таъсис дода шуд

375
Тавре иттилоъ додем, дирӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Нахуст дар кори маҷлиси навбатии Ҳукумати мамлакат садамаи нақлиётии рӯзи 29 июл дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон содиршуда, ки боиси ҳалокати чор нафар сайёҳи хориҷӣ шуд, баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири қурбониёни ин ҳодисаи фоҷеабор дақиқаи хомӯшӣ эълон карданд.

Баъдан, оид ба рафти тафтишоти ҳодиса гузориши Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов шунида шуд.

Дар маҷлис таъкид гардид, ки бо дастури Пешвои миллат аз ҳисоби сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, амният ва мақомоти прокуратура гурӯҳи махсуси фаврӣ — ҷустуҷӯӣ таъсис дода шуд. Барои ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, дар кутоҳтарин муҳлат чанд тан аз аъзои гурӯҳи ҷинояткор дастгир гардиданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дастур доданд, ки дар саросари кишвар тартиботи ҷамъиятӣ таъмин ва тадбирҳои амниятӣ пурзӯр карда шаванд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво