27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид

52
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки Олмонии Рушд Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик таъмиру навсозӣ гардида, моҳи сентябри соли 2024 ба истифода дода мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Корҳои таъмиру навсозӣ дар беморхона моҳи августи соли 2020 оғоз гардида, моҳи декабри соли 2023 ба анҷом расиданд.

Тавре сардухтури беморхонаи ноҳия Орзубек Азиззода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, солҳои пеш шароити хизматрасонӣ дар беморхона ба талабот ҷавобгӯ набуд. Норасоии таҷҳизоти тиббӣ ба назар расида, ҳуҷраҳои кори табибон ва беморон ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набуданд. Имрӯз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беморхона навсозӣ гардида, бо дастгоҳҳои замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Баъд аз таъмиру навсозии бинои беморхона ҳуҷраҳои кори табибон ва утоқҳои беморон бо мизу курсиҳои замонавӣ, рахти хоб, роҳаткурсӣ ва дигар лавозимоту таҷҳизот таъмин шудаанд. Пудратчии сохтмон ҶДММ «Ёхсу» мебошад.


Беморхона аз ду ошёна иборат буда, ба гуфтаи масъулин, ҳоло корҳо дар ҳуҷраҳои ёрирасон ва хатҳои обу ташноб идома доранд.

Орзубек Азиззода дар идомаи суҳбат афзуд, ки беморхона барои 53 кат бунёд шуда, баъди ба истифода додан дар он шуъбаҳои таваллуд, бемориҳои кӯдакона, бемориҳои занона, ҷарроҳӣ ва эҳёгарӣ фаъолият менамоянд.

Дар айни замон дар беморхона 22 табиби дорои маълумоти олӣ, 124 корманди миёнаи тиб ва 78 корманди хурди тиб фаъолият доранд.

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво