27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»

129
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст» «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст». Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар карнавали наврӯзии «Корвони шодӣ», ки дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе баргузор гардид, баён намуданд.

Пешвои миллат таъкид доштанд, ки халқу миллатҳои зиёди дунё ин ҷашнро қабул намуда, онро бо анъанаҳои хоссаи худ таҷлил мекунанд. Яъне Наврӯз ба як омили муҳимтарини паҳншавии фарҳангу тамаддуни куҳанбунёди тоҷикон дар олам табдил ёфтааст.

Ба андешаи Сарвари давлати Тоҷикистон, Наврӯз – рӯзи падид омадани равшанӣ, ғалабаи некӣ бар бадӣ, аз қалбҳо берун кардани кинаву адоват ва бахшидани гуноҳи ҳамдигар, рӯзи меҳрубониву хушбахтӣ, рӯзи таваллуди дубораи табиату инсонҳо, поёни сардиҳо ва оғози фаровонӣ мебошад.

Бо дахли суннатҳои наврӯзӣ, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки маросиму ойинҳои ҷуфтбаророн, хонабаророн ё хонасафедкунӣ, оташафрӯзон, гулгардонӣ, суманакпазӣ, навозиши сари ятимону бепарасторон ва дигар амалҳои хайр аз суннатҳои неки наврӯзӣ буда, аксари онҳо то имрӯз дар Тоҷикистон ба таври васеъ роиҷанд. Инчунин ташкилу баргузории ҳар гуна чорабиниҳои варзишӣ, аз ҷумла аспдавонӣ, гӯштигирӣ, инчунин, шеърхонӣ, ба бар кардани либосҳои миллӣ ва намоиши онҳо, омода намудани таомҳои миллӣ аз гиёҳу растаниҳои баҳорӣ аз ойинҳое мебошанд, ки мардуми мо онҳоро дар рӯзҳои наврӯзӣ бо шавқу завқи зиёд анҷом медиҳанд.

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво