27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»

41
Имрӯз Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба ифтихори Наврӯзи соли 2024 иброз доштанд, ки давоми ҳазорсолаҳо дар ҳаёти қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла мо – тоҷикон ҳодисаву таҳаввулоти зиёде ба вуқуъ пайвастаанд, ки боиси эҷоди маҳдудият барои баргузории ойину суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мо, аз ҷумла Наврӯз гардидаанд.

Вале ба таъкиди Пешвои миллат, Наврӯз мисли забон ва фарҳанги миллӣ дар тору пуди ҳастии ниёгони мо он қадар мустаҳкам ҷой гирифта буд ва мақому ҷойгоҳи он дар байни мардуми мо чунон баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад.

Ба гуфтаи Сарвари давлат, Наврӯз моҳиятан ҷашни мардумӣ ва ойини сирф табиӣ мебошад. «Мехоҳам таъкид намоям, ки далели асосии умри тӯлонӣ доштани Наврӯз робитаи мустақими он бо табиат ва инсон, пайванди он бо суннату анъанаҳо ва расму ойинҳои миллӣ мебошад».

Президенти Тоҷикистон Наврӯзро дар паёмашон ҷашни зиндагисоз унвон намудаанд. Ба таъкиди Пешвои миллат, дар айёми Наврӯз табиат эҳё шуда, маҳз бо ҳамин сабаб дар ҷону руҳи инсон ҳам умеди тоза ба зиндагӣ кардану эҷод намудан ва обод кардану зебоӣ офаридан дубора зинда мегардад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво