27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Расида Рўзи модар ҳам баҳорон

32
Санаи 6 марти соли 2024 дар толори Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии тантанавӣ доир гардид. Чорабиниро Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ ифтитоҳ намуда, бонувонро самимона бо ин ҷашни пуршукуҳ табрик карда, ба ҳар яки онҳо сулҳу амонӣ, саломативу хушбахтӣ, саодати рӯзгор, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуданд.
Расида Рӯзи модар ҳам баҳорон

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон зимни баромади худ қайд намуданд, ки мақому манзалати волои модар, заҳмату шабзиндадориҳои ӯ ва рафтори неку пурмуҳаббаташ нисбат ба наслҳои башарият боис гардид, ки модарро ҳамчун бузургтарин ва муқаддастарин инсон ҳамеша дӯст доранд ва азиз шуморанд.
Мардуми соҳибфарҳанги мо аз қадимулайём ба қадру мартабаи волои модар арҷ мегузоранд ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ӯ то ба имрӯз яке аз суннатҳои миллии мо ба шумор меравад.
Модар воқеан нахустустоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ӯ меомӯзад. Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз занони меҳрубон вобастагии калон дорад. Расида Рӯзи модар ҳам баҳорон
Дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд гардид, ки “...Имрӯз бонувони мо, дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад.
Расида Рӯзи модар ҳам баҳорон
Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст. Мову шумо нафақат дар як Рӯзи модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем. Бовар дорам, ки занон ва модарону бонувону духтарони арҷманди мо минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд...”
Расида Рӯзи модар ҳам баҳорон

Сипас, дар чорабинӣ мудири бахши кадрҳои дастгоҳи марказии Кумита Давлатзода Самира Шариф ва сармутахассиси шуъбаи лоиҳакашии Корхонаи воҳиди давлатии “Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ”-и Кумита Сӯфиев Субҳон вобаста ба арҷгузорӣ ва ситоиши олиҳаи покиву садоқат, машъалафрӯзи зиндагӣ, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкории Зан – Модар баромад намуда, аҳли нишастро бо фарорасии Рӯзи Модар аз номи ҷавонони Кумита табрик намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби Раиси Кумита як қатор бонувон барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи сохтмон ва меъморӣ бо Сипосномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.














Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво