26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ДАВҲА — БАРОДАРШАҲРИ ДУШАНБЕ. Дар ин хусус Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

146
ДАВҲА — БАРОДАРШАҲРИ ДУШАНБЕ. Дар ин хусус Ёддошти тафоҳум ба имзо расид 8 июн дар доираи сафари давлатии Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шаҳрдории Давҳа Ёддошти тафоҳум оид ба барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ёддошти тафоҳуми мазкур пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ имзо гардид.

Ёддошти тафоҳумро аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба имзо расониданд.

ДАВҲА — БАРОДАРШАҲРИ ДУШАНБЕ. Дар ин хусус Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Пас аз имзои Ёддошти тафоҳум бо шаҳрдории Давҳа шумораи бародаршаҳрҳои Душанбе ба 22 расид.

То имрӯз пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе бо 21 шаҳри давлатҳои Осиё, Аврупо, Амрико ва Африқо дар асоси созишнома ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ робитаҳои бародаршаҳрӣ дошт.

Шаҳрҳои Санъои Ҷумҳурии Яман, Лусакаи Ҷумҳурии Замбия, Монастири Ҷумҳурии Тунис, Лаҳор ва Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон, Клагенфурти Ҷумҳурии Австрия, Боулдери Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ройтлингени Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Мазори Шарифи Афғонистон, Теҳрон ва Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон, Санкт-Петербурги Федератсияи Русия, Мински Ҷумҳурии Беларус, Урумчӣ, Сямэн, Чиндао ва Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин, Анқараи Ҷумҳурии Туркия, Ашқободи Туркманистон, Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон аз ҷумлаи бародаршаҳрҳои Душанбе мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки дар маҷмуъ, аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар дар ҳузури Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво