28 май 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бо дастури Пешвои миллат ба шаҳри Кӯлоб ва шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон автобусҳои мусофирбар фиристода шуд

149
Бо дастури Пешвои миллат ба шаҳри Кӯлоб ва шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон автобусҳои мусофирбар фиристода шудДар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди мақсадноки нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025» бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон автобусҳои муосири мусофикашонӣ фиристода шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Корвони кумаки навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат аз 32 автобуси мусофиркаш аз шаҳри Душанбе ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Кӯлоб дастрас гардид.

Аз шумораи умумии нақлиёти мусофиркаш 6 автобус ба шаҳри Кӯлоб, 5 автобус ба шаҳри Хоруғ ва ба ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Шуғнон, Рӯшон, Ишкошим, Мурғоб ва Рошқалъа 3-автобусӣ фиристода шуд.

Таҳкими заминаи техникию имконияти моддии муассисаҳои коммуналӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, инчунин муҳайё намудани шароити арзандаи зиндагӣ ба сокинони ҷумҳурӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Ба масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Кӯлоб, ронандагону кормандони корхонаҳои мусофиркашонӣ ва дигар сохторҳои дахлдор ҷиҳати истифодаи мақсадноки автобусҳои мусофиркаш ва дар ҳолати хуби техникию санитарӣ нигоҳ доштани воситаҳои техникӣ дастуру маслиҳатҳои судманд дода шуд.

Ғамхории навбатии Пешвои миллат дар татбиқи лоиҳаҳо ба рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳру вилоятҳо ва «Барномаи давлатии рушди мақсадноки нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» мусоидат намуда, дар беҳтар намудани хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии дохилӣ ва наздишаҳрӣ, инчунин баланд бардоштани сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ нақши муассир мегузорад.

Бо расидани 26 автобуси муосир ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сифати хизматрасонӣ дар хатсайрҳо байни шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маротиб боло рафта, сокинони деҳаҳои хурду дурдасти вилоят низ аз шароити муосир, замонавӣ ва саривақтии автобусҳо бархӯрдор мегарданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар заминаи амалишавии «Барномаи давлатии рушди мақсадноки нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» шоҳроҳҳо, нақбҳо, роҳҳои оҳан ва пулҳо сохта шуда, теъдоди зиёди муассисаҳои нақлиётӣ, терминалҳои мусофирбар, терминалҳои боркашонӣ, хатсайрҳои мусофирбар ва ширкатҳои нақлиёти байналмилалӣ фаъолияти босамар доранд.

Таъмини зиндагии босаодат ва рушди босуботи ҳамаи соҳаҳо, ки ба фароҳамсозии имкони созгор ҷиҳати будубош ва истироҳату фаъолияти сокинони мамлакат замина мегузорад, самараи истиқлоли комил, ваҳдату ягонагӣ ва иттиҳоду сарҷамъии мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво