27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси сатҳи баланди давлатҳои Осиёи Марказӣ — Иттиҳоди Аврупо иштирок намуд

195
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси сатҳи баланди давлатҳои Осиёи Марказӣ — Иттиҳоди Аврупо иштирок намуд22-24 феврал дар шаҳри Рими Италия Конфронси сатҳи баланди давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо таҳти унвони «Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳити зист ва об» доир шуд, ки дар кори он намояндаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мазкур хабар доданд.

Дар доираи конфронси мулоқоту суҳбатҳо ва ҳамоишҳо баргузор гардиданд.

Намояндаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҷумҳуриро оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Платформаи Иттиҳоди Аврупо — Осиёи Марказӣ, аз ҷумла стратегияву барномаҳои соҳавии давлат, инчунин андешидани тадбирҳои фавриву муосир бо мақсади пешгирӣ аз таъсири тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолии ҷаҳон, маблағгузории нокифоя, идораи захираҳои об ва ғайра дар минтақа муаррифӣ намуд.

Гуфта шуд, ки ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун василаи ҳалли мушкилоти глобалӣ барои андешидани тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Ҳамчунин аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо баргузории Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ки 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раёсати Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мегардад, барои густариши ҳамкории минбаъда ва пешгирӣ аз пайомадҳои марбут ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ муфид ва зарурӣ шуморида шуд.

АКС: Вазорати кишоварзии ҶТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво