27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе ҳавопаймои «Y-12E»-и сохти чинӣ муаррифӣ гардид

170
Дар Душанбе ҳавопаймои «Y-12E»-и сохти чинӣ муаррифӣ гардидДар доираи мулоқоти роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо намояндагони ширкати «AVIC INT» (AVIC International Holding Corporation)-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Душанбе ҳавопаймои чинии «Y-12E» муаррифӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ доданд.

Намояндагони ширкати чинии «AVIC INT» иброз доштанд, ки ин навъи ҳавопаймо барои истифода дар манотиқи кӯҳӣ мувофиқ буда, имкони парвозу нишаст дар хати парвозии кӯтоҳ ва мумфаршнашуда дорад. Ҳавопаймоҳои сохти «Y-12E» ҳавопаймоҳои сабуки самаранок мебошанд, ки аз ҷониби Корпоратсияи саноатии авиатсионии Чин (AVIC) истеҳсол шудаанд. Ҳавопаймои «Y-12У» 18-20 ҷойи нишаст дошта, ҳам барои интиқоли мусофирон ва ҳам барои боркашонӣ муносиб мебошад.

Ёдовар мешавем, ки «AVIC International Holding Corporation» яке аз бузургтарин ширкатҳои тиҷоратии Чин буда, асосан ба саноати авиатсионӣ тахассус ёфтааст ва ба Корпоратсияи давлатии саноати авиатсионии Чин шомил мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» алҳол парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Русия, Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон ва Узбекистон анҷом медиҳад. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 иборат мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво