27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба 66 хонаводаи аз офати табиӣ зарардидаи Бадахшон кумаки моддии Пешвои миллат расонида шуд

167
Ба 66 хонаводаи аз офати табиӣ зарардидаи Бадахшон кумаки моддии Пешвои миллат расонида шудАз ҷониби Комиссияи махсуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 66 хонаводаи аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумаки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, кумакҳо 23 феврал дар Мактаби президентии шаҳри Хоруғ ба зарардидагон тақсим карда шуданд.

Кумаки мазкур бо дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастрас гардид.

Ин кумак аз 25 номгӯй дар ҳаҷми 40 тонна, аз ҷумла либосҳои зимистона, пойафзол, маводи ғизоӣ, бухориҳои чӯянӣ, катҳои хоб бо ҳама лавозимот иборат мебошад.

Бояд гуфт, ки аз офатҳои табиии рӯзҳои охир бештар сокинони ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғи вилоят зарар дидаанд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво