27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Намояндагони Тоҷикистон дар Теҳрон дар нахустин нишасти роҳбарони ниҳодҳои интиқоли хун дар кишварҳои минтақа иштирок карданд

85
Намояндагони Тоҷикистон дар Теҳрон дар нахустин нишасти роҳбарони ниҳодҳои интиқоли хун дар кишварҳои минтақа иштирок карданд14-16 феврал дар шаҳри Теҳрон бо ибтикори Маркази минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ нахустин нишасти роҳбарони ниҳодҳои захира ва интиқоли хун дар кишварҳои минтақа баргузор гардид, ки дар он намояндагони Тоҷикистон- директорони филиалҳои Маркази ҷумҳуриявии илмии хун дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон, инчунин мудири шуъбаи Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон хабар доданд.

Иштирокдорони нишаст роҳҳои табодули таҷриба дар соҳаи захираву гузаронидани хун ва тақвияти ҳамкорӣ дар ин самти муҳимми таъмини тандурустиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Нишасти мазкур бо қабули санади ниҳоӣ ба анҷом расид, ки дар он зарурати андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи хун ва хунгузаронӣ бо мусоидати фаннӣ ва омӯзишии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ таъкид шудааст.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво