26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ИСТЕҲСОЛИ 21 МИЛЛИАРДУ 399,5 МИЛЛИОН КВТ-СОАТ НЕРУИ БАРҚ. Соли 2022 дар низоми энергетикии Тоҷикистон баландтарин нишондиҳанда ба даст омад

115
ИСТЕҲСОЛИ 21 МИЛЛИАРДУ 399,5 МИЛЛИОН КВТ-СОАТ НЕРУИ БАРҚ. Соли 2022 дар низоми энергетикии Тоҷикистон баландтарин нишондиҳанда ба даст омадСоле, ки сипарӣ гардид, Тоҷикистон 21 миллиарду 399,5 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол намуд, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар давраи фаъолияти низоми энергетикии мамлакат мебошад. Ин нуктаро Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа имрӯз дар Душанбе дар ҷамъи хабарнигорони дохиливу хориҷӣ иброз намуд.

Вазири энергетика ва захираҳои оби мамлакат гуфт, ки ин омор нисбат ба соли 2021 775,7 миллион кВт-соат зиёд буда, суръати афзоиш 103,8 фоизро ташкил медиҳад.

Дар нишасти мазкур таъкид гардид, ки моҳи марти соли гузашта дар доираи татбиқи 20 лоиҳаи давлатии сармоягузории соҳаи электроэнергетика агрегати 3-юми Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ва моҳи октябри соли 2022 агрегати якуми НБО «Норак» баъди таҷдид расман ба истифода дода шуданд. Дар маросими ба истифода додани он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.

Дар ин давра инчунин зеристгоҳҳои барқии «Рӯдакӣ» бо иқтидори 100/10 кВ дар ноҳияи Восеъ, «Вознавд 110/35/10кВ» ва «Даштаки Ванҷ 110/35/10» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавриди истифода қарор дода шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво