26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Табибони тоҷик усули табобати бемориҳои сӯхтагиро дар Ҷумҳурии Корея меомӯзанд

217
Табибони тоҷик усули табобати бемориҳои сӯхтагиро дар Ҷумҳурии Корея меомӯзандТабибони тоҷик дар беморхонаи Бестияни шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея усули табобати бемориҳои сӯхтагиро меомӯзанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд.

Ду нафар табиби ҷумҳурӣ — комбустиологи Маркази тиббии шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе Абубакр Нозимов ва табиб, ҷарроҳи Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент Шоҳруз Сафаров аз 14 ноябри соли 2022 то 28 январи соли 2023 дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея таҷриба меомӯзанд.

Ёддошти тафоҳум барои таҷрибаомӯзӣ миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Бестияни Ҷумҳурии Корея 28 сентябри соли 2022 ба имзо расидааст.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди Ҳукумати​ Ҷумҳурии Тоҷикистон​ бо якчанд давлатҳои олам Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат низ ҳамкории судмандро вобаста ба табодули таҷрибаи табибони мамлакат бо ҳамтоёни хориҷии хеш дар самти пешгирӣ ва табобати бемориҳои гуногун ва дар ин замина беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бо якчанд давлатҳо ба роҳ мондааст.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво