27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Раиси шаҳри Истаравшан бо фаъолияти корхонаҳои саноатии «Шарафи рӯз» ва «Нури Истаравшан» шинос гардид

143
Раиси шаҳри Истаравшан бо фаъолияти корхонаҳои саноатии «Шарафи рӯз» ва «Нури Истаравшан» шинос гардид8 декабр Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода аз фаъолияти корхонаҳои саноатии истеҳсолии «Шарафи рӯз» ва «Нури Истаравшан» дидан намуд, хабар доданд ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло МАҲКАМ дар Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан.

Корхонаҳои мазкур 10 августи соли равон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан мавриди истифода қарор гирифта буданд.

Корхонаи «Нури Истаравшан» тибқи таъйинот пурра фаъолият дошта, ба раванди истеҳсоли маҳсулот дар корхонаи «Шарафи рӯз» бинобар норасоии ашёи хом ва ҷорӣ шудани маҳдудият дар сарҳади баъзе мамлакатҳо таъсир расидааст.

Раиси шаҳри Истаравшан зимни суҳбат бо соҳибкорон барои тақвияти фаъолияти истеҳсолӣ ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсолу ҷойи кори доимӣ дастур ва тавсияҳои муфид дод.



АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво