26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе масъалаи рушди «иқтисоди сабз» дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд

150
Дар Душанбе масъалаи рушди «иқтисоди сабз» дар Тоҷикистонро баррасӣ намудандИмрӯз дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъомади иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Фарҳод Восидиён сухан гуфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мазкур хабар доданд.

Зикр гардид, ки дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди «иқтисоди сабз» дар кишвар корҳои назаррас амалӣ гардида истодаанд.

Аз ҷумла, дар доираи иҷрои вазифаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 таҳия гардида, 30 сентябри соли 2022 ба тасвиб расид.

Мақсади стратегияи мазкур- гузаронидани ислоҳоти дастурӣ, таъмини истифодаи самараноки сармояи табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти «иқтисоди сабз» мебошад.

Ҳаҷми маблағгузории стратегияи мазкур 21,6 млрд сомониро пешбинӣ намудааст, ки дар он дастгирии сармоягузории институтҳои молиявӣ ва шарикони рушд нақши калидӣ дорад.

Вобаста ба ин аз шарикони рушд даъват карда шуд, ки барои татбиқи саривақтӣ ва сифатноки Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 саҳми арзанда гузоранд.

Ҳамчунин дар бахшҳои алоҳидаи ҷамъомади мазкур аз ҷониби сардорони сарраёсатҳои вазорат Баҳодур Аҳадзода ва Манучеҳра Мадҷон вобаста ба масъалаҳои «иқтисоди сабз» ва мониторингу арзёбии ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар рӯнамоҳо пешниҳод карда шуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво