26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сафири Тоҷикистон дар Туркия бо Намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ мулоқот намуд

153
Сафири Тоҷикистон дар Туркия бо Намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ мулоқот намуд21 ноябр дар шаҳри Анқара вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо Намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Тери Ҳакала доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои минтақавии мавриди таваҷҷуҳи таррафайн, аз ҷумла ҳамкориҳо дар доираи Стратегия Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, инчунин ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 12 октябри соли 2021 дар шаҳри Брюссел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Тери Ҳакала мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқот масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо таҳкими ҳамкорӣ дар самти мубориза бо таҳдидҳо ва хатарҳоро дар сархати аввали робитаҳои дуҷониба гузоштанд.

Аз ҳамкории пурсамар дар самтҳои калидии сиёсати байналмилалӣ, минтақавӣ, муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва ҳамкорӣ дар бахши таъмини амният, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ҷонибҳо дар ҷанбаи сиёсӣ аз ҳамкории бомуваффақияти сохторҳои байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ёдовар шуданд.

Акс: ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво