27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То охири сол дар Муъминобод 100 иншоот мавриди истифода қарор мегиранд

290
БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То охири сол дар Муъминобод 100 иншоот мавриди истифода қарор мегирандБо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон сохтмони 400 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки қариб 100 адади он то охири соли 2022 мавриди истифода қарор мегиранд. Дар ин бора ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод иттилоъ доданд.

Дар айни замон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия соҳибкорони маҳаллӣ хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ, марказҳои хизматрасонӣ, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти таъйиноти гуногун бунёд намуда истодаанд. Баъди ба истифода додани онҳо барои садҳо нафар сокинони шаҳр ҷойи кор ва шароити созгори зиндагӣ муҳайё мегардад.

Ҳоло дар 8 муассисаи таълимӣ корҳои сохтмонӣ идома дошта, аксари онҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фаридун» корҳои сохтмониро дар бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №5-и ба номи Мирзо Турсунзодаи ноҳия барои 240 ҷои нишаст дар ду баст идома дода истодааст. Ҳоло дар ин иншоот 15 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин мебошанд. Сохтмончиён ошёнаи якум ва дуюми биноро ба анҷом расонида, ба болопӯш кардани бино машғул мебошанд. Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, аз 10 синфхона, утоқи директор утоқи ҷамъшавии омӯзгорон ва дигар утоқҳо иборат мебошад.

Сохтмони бинои иловагии муассиса соли 2022 оғоз гардида, соли 2023 ба анҷом мерасад. Маблағгузории бино аз ҷониби Бонки Исломии Рушд роҳандозӣ гардида, гурӯҳи татбиқи лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт назорати қатъӣ ба роҳ мондааст.

Директори муассиса Пиримшо Саҳроев аз дастгирӣ ва ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, гуфт, ки муассиса қаблан шароити хуб ва синнфхонаҳо барои фанҳои дақиқ надошт. Баъди ба итмом расидани бино барои хонандагон шароити хуби таълимӣ ба роҳ монда мешавад.

Инчунин бахшида ба ҷашни фархунда дар айни замон садҳо метр роҳҳои пиёдагарди шаҳр сафолакпӯш карда шуда, як қисми масолеҳи сохтмонӣ дар таъмири роҳҳои мошингард ва пиёдагарди маҳаллаҳо истифода мешавад. Дар маҳаллаҳои навбунёд садҳо метр роҳҳо сангфарш ва пояҳои чӯбини хатҳои барқ ба пояҳои оҳану бетонӣ иваз карда шудаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво