27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Данғара натиҷагирӣ гардид

381
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Данғара натиҷагирӣ гардидНатиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Данғара дар нуҳ моҳи соли равон дар ҷаласаи ҷамъбастӣ, ки таҳти раёсати раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин доир гардид, баррасӣ шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғар иттилоъ медиҳад.

Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Раҳмон, муовини якуми Раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода, муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассиса ва фаъолону аҳли ҷамоат иштирок намуданд.

БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Данғара натиҷагирӣ гардид


Дар ҷаласа оид ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар ин давра муовини раиси ноҳия Даврон Бегмуродзода ҳисобот дод. Зикр шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара дар нуҳ моҳи соли равон фаъолияти худро ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, барои таъмини волоияти қонун, тақвият бахшидан ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, рушди муттасили саноату сохтмон, беҳтар намудани донишомӯзию тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ва сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имконият истифода бурда истодааст.

БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Данғара натиҷагирӣ гардид


Дар анҷоми ҷаласа роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Раҳмон оид ба дастовардҳои ҷомеаи меҳнатии ноҳия дар ин давра ибрози назар намуда, ба масъулин ҷиҳати суръат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, омодагӣ ба мавсими зимистони солҳои 2022-2023 ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дод.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво