27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Маросими ифтитоҳи расмии Бозиҳои XVI Делфӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон доир мегардад

171
Маросими ифтитоҳи расмии Бозиҳои XVI Делфӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон доир мегардад Аз 14 то 18 октябр дар Тоҷикистон Бозиҳои XVI Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегузаранд. Маросими ифтитоҳи расмӣ ва пӯшидашавии он дар Театри давалатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ доир ва ҳамзамон дар доираи он дар мавзӯи «Бистсолагии Бозиҳои Делфии кишварҳои аъзои ИДМ, таърих ва дурнамо» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад.

Ин матлаб 23 сентябр дар Вазорати фарҳанги мамлакат зимни баргузории ҷаласаи муштараки кумитаи тадорукот таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси куматаи тадорукот Матлубахон Сатториён баён гардид.

Тавре дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ба ҳайати кумитаи тадорукот Раиси кумитаи тадорукот, муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовини Раиси кумитаи тадорукот, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, муовини Вазири фарҳанг — котиби кумитаи тадорукот ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор дохил мешаванд.

Муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён иброз намуд, ки «ин ҳамоиш бори аввал аст дар ҷумҳурӣ бо ибтикор ва ҳидояти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад ва дар қабулу гусели иштирокчиён аз мо масъулияти баланди ташкилиро бозиҳоро талаб менамояд».

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода зикр дошт, ки «дар Бозиҳои XVI Делфӣ зиёда аз 500 нафар истеъдодҳои ҷавони аз 10 то 25-сола аз тамоми кишварҳои ИДМ ва 35 нафар ходимони шинохтаи санъату ҳунари ИДМ иштирок мекунанд».

Бозиҳо аз рӯи 7 номина- фортепиано, скрипка, санъати тасвирӣ, сарояндаи академӣ, сарояндаи халқӣ, сарояндаи эстрадӣ, рақси халқӣ, созҳои нафасӣ, созҳои халқӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва 3 барномаи фестивалӣ доир гардида, чорабиниҳо дар толорҳои муассисаҳои зертобеи Вазорати фарҳанг гузаронида мешаванд.

Дар назар аст, ки иштирокчиён аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи «Наврӯз», Майдони «Истиқлол» ва Боғи «Ирам» дидан намоянд.

АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво